Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нишасти вазирони ҳаштгона дар Ҷопон


Вазирони умури хориҷии ҳашт кишвари пешрафтаи саноатӣ дар Киото ҷаласаи дурӯзаи худро оғоз карданд. Вазирони Бритониё, Иёлоти Муттаҳида, Итолиё, Канада, Фаронса, Олмон, Русия ва Ҷопон ба баҳсҳои ҳастаии Кореяи Шимолӣ ва Эронро тамаркуз мекунанд. Ҳамчунин қарор аст, масъалаҳои марбут ба бӯҳрони сиёсӣ дар Зимбабве ва вазъи амниятӣ дар Афғонистон низ гуфтугӯ шаванд. Ҷаласа дар ҳоле барпо мешавад, ки интизор меравад, Чин эъломияи борҳо таъвиқшудаи Кореяи Шимолиро дар мавриди додуситади кӯмаки байнулмилалӣ дар ивази барномаи ҳастаиро мунташир намояд.
XS
SM
MD
LG