Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Раддияи Покистон ба иттиҳомоти Афғонистон


Вазири дифоъи Покистон Чоудрӣ Аҳмад Мухтор имрӯз иттиҳомоти мақомоти афғонро, ки хадамоти ҷосусии Покистон ба ҷони президенти афғон Ҳомид Карзай сӯиқасд кардааст, рад намуд. Сухангӯи хадамоти иктишофии Афғонистон рӯзи чоршанбе гуфт, хадамоти ҷосусии Покистон ё Ай-Эс-Ай дар ҳамлаи нокоми 27-уми апрел ба Карзай дар ҷараёни реҷаи низомӣ дар Кобул даст доштааст. Мухтор ин иттиҳомро "беасос" номид ва гуфт, " Ай-Эс-Ай як созмони ҳирфаист, ки ба умури дохилии ҳеч кишваре мудохила намекунад."
XS
SM
MD
LG