Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Қаноатмандии Буш аз мулоқот бо Толибонӣ


Раиси ҷумҳуриҳои Амрико ва Ироқ - Ҷорҷ Буш ва Ҷалоли Толибонӣ созишномаи амниятии марбут ба ҳузури низомии нирӯҳои амрикойӣ дар хоки Ироқро баррасӣ карданд. Ин нишаст дирӯз дар Кохи Сафед ҷараён гирифт. Вашингтону Бағдод бояд то моҳи июл роҷеъ ба шарту шурути истиқрори нирӯҳои амрикоӣ дар хоки Ироқ ба тавофуқе расанд ва ин қарордод баъди анҷоми мӯҳлати ваколатҳои СММ дар Ироқ 31 декабри имсол ба ҳукми иҷро медарояд. Буш гуфт, ки ӯву ҳамтои ироқиаш Толибонӣ роҷеъ ба чаҳорчӯби стратегии қарордод сӯҳбат карданд, то ки барои ҳукумати Ироқ қобили қабул бошад. Тафсилот дар идомаи барнома.
XS
SM
MD
LG