Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Медведев: Сиёсати хориҷии мо тағйир намеёбад


Бо вуҷуди интиқоди зиёд Русия сиёсати хориҷии худро таҷдиди назар карданӣ нест. Ин изҳороти Дмитрий Медведев, раисиҷумҳури Русия дар сӯҳбат бо хабаргузории Reuter садо дод. Ӯ афзуд, ки “сиёсати хориҷии Русия бояд ҷавобгӯи манофеъи кишвар бошад”. Раиси ҷумҳури Русия ҳамчунин гуфт, ки Маскав ба имзои созишномаи ҷиддӣ бо Иттиҳодияи Аврупо манфиатдор аст. Дмитрий Медведев Иттиҳодияи Аврупоро “ҳампаймони мувофиқ” номид ва аз масоили баҳсталаби миёни Маскаву Брюссел ёдовар нашуд.

Созмони дидбони ҳуқуқи башар - Human Right Watch ахиран аз раҳбарони Иттиҳодияи Аврупо даъват кард, ки дар музокироти қарибулвуқӯъ бо мақомоти Русия дар Ханти-Мансийск барои идомаи ислоҳоти демократӣ дар ин кишвар пофишорӣ намоянд. Интизор меравад, авоили моҳи июл дар ин музокирот Русия ва Иттиҳодияи Аврупо созишномаи нави ҳамкориро таҳия кунанд. Мӯҳлати созишномаи пешин моҳи декабри соли гузашта поён ёфта буд.

XS
SM
MD
LG