Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

ҲДТ ҷонибдори вайрон кардани амнияти давлат нест


Раҳматуллоҳ Валиев
Раҳматуллоҳ Валиев

Имрӯз садорати Ҳизби демократи Тоҷикистон дар робита ба гирдиҳамоиҳои ахири Хоруғ як изҳоротро эълом кардааст.

Матни ин изҳоротро, ки Раҳматуллоҳ Валиев, муовини раиси ҷиноҳи М. Искандарови ҲДТ, қироъат намуд, дар поён меорем.
Изҳороти садорати ҲДТ
Вақтҳои ахир дар атрофи гирдиҳамоиҳое, ки дар шаҳри Хоруғ баргузор шуда истодааст, дар ВАО сару садоҳои зиёде паҳн мешаванд.
Садорати ҲДТ ҳанӯз моҳи марти соли равон нисбати гирдиҳамоии дарназардошташуда, ки моҳи апрел бояд дар маркази Бадахшон сурат мегирифт, мавқеъи худро ошкор намуда, гуфта буд, ки дар ин гирдиҳамоӣ иштирок нахоҳад намуд. То имрӯз Ҳизби демократи Тоҷикистон мавқеъи худро дигар накардааст. Аз ин лиҳоз садорати ҲДТ бори дигар изҳор медорад, ки дар гирдиҳамоии Хоруғ саҳм ва ширкат надорад.
Дуруст аст, ки дар ВМКБ проблемаҳои сангини иҷтимоъӣ, иҷтисодӣ ва, хусусан, камбизоъатии шадид вуҷуд дорад ва чунин вазъият ҳар замон боъиси муташанниҷ шудани ваъият хоҳад гашт. Аз ҳамин хотир ҲДТ аз тарафҳо хоҳиш менамояд, ки барномаи мушаххаси ҳалли ин масоъилро таъмин намоянд, ҳукумат якҷоя бо институтҳои ҷомиъаи шаҳрвандӣ барои пиёда гардонидани чунин барномаҳо қадамҳои зарурӣ андешанд.
Бори дигар хотиррасон менамоем, ки ҲДТ ҳеч гоҳ ҷонибдори ҳалли масъалаҳо бо роҳи зӯрӣ ва вайрон кардани амнияти давлат набуд ва нест.
Садорати Ҳизби демократи Тоҷикистон, 21-уми июни соли 2008.
XS
SM
MD
LG