Пайвандҳои дастрасӣ

Субҳи имрӯз, 20-уми июн, дар майдони марказии шаҳри Хоруғ тазоҳуроти эътирозӣ аз нав шурӯъ гардид.

Музаффар Муборакшоев, намояндаи гирдиҳамомадагон, гуфтааст, ки бинобар иҷро нашудани талабашон оиди ихроҷи нерӯҳои интизомии иловагӣ, ки ахиран ба Бадахшон ворид шуданд ва адами кафолати амният аз ҷониби ашхоси салоҳиятдори мақомот онҳоро водор сохтаст аз нав ба майдон баргарданд.

Гирдиҳамомадагон мегӯянд, ки ин тазоҳурот на ба ҷонибдорӣ аз касе ва ё гурӯҳе, балки ба хотири ҷилавгирӣ аз бархурди мусаллаҳонаи эҳтимолӣ ва ноором гардидани вазъи шаҳр доир мешавад.

Ба гуфтаи намояндагони гирдиҳамомадагон, агар ашхоси салоҳиятдор ба онҳо амниятро кафолат надиҳанд, онҳо то пеши баталёни вазорати мудофиъа, ки бештари нерӯҳои воридшуда он ҷо мустақар ҳастанд, раҳпаймоӣ анҷом медиҳанд.

Гирдиҳамоӣ дар маркази вилояти Бадахшон субҳи 17 июн, як рӯз пас аз ворид шудани нерӯҳои интизомӣ ба Бадахшон оғоз гардида, пас аз зуҳри он рӯз мавқуф гузошта шуда буд.













Назари хонандагон

New Comments Available

Агар сухане, назаре ё хабаре доред, бемалол ба мо занг занед ё SMS (паёмак) фиристед:

Дар Душанбе:

+992 988 65 94 63
+992 988 65 94 64

Дар Прага:

+420 724 053 959

XS
SM
MD
LG