Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дави автомобилии Шоҳроҳи Абрешим дар Душанбе


Чаҳорумин дави автомобилии минтақаӣ бо номи "Дӯстии халқҳо-2008" имрӯз вориди Душанбе мешавад. Ин маърака рӯзи 17 июн дар шаҳри Алмаато шурӯъ шуда буд. Хати сайри мошинҳои ширкатдори ин маърака тавассути қаламрави Осиёи Марказӣ -Қазоқистон, Ӯзбакистон, Тоҷикистон ва Туркманистон мегузарад. Дар ин гурӯҳ нӯҳ авмомобил иштирок хоҳад кард, ки бояд дар ниҳоят масофаи 3350 километ роҳро тай кунанд. Гузари онҳо аз шаҳрҳои қадимаи роҳи бузурги Абрешим мегузарад, омадааст дар хабари оҷонсии давлатии Ховар. Марра ё истгоҳи охирини ин дав Ишқобод, пойтахти Туркманистон аст. Имрӯз инчунин қарор аст ба ифтихори ширкатдорони ин дави автомобилӣ Душанбе консерте баргузор шавад.

XS
SM
MD
LG