Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Суқути чархболи низомӣ дар Босния


Вазорати дифоъи Испания хабар дод, ки имрӯз бар асари суқути чархболи нерӯҳои посдори сулҳи Иттиҳодияи Аврупо дар маркази Босния ду олмонӣ ва ду испанӣ ба ҳалокат расиданд. Ба гуфтаи вазорат, ҳамаи чаҳор нафар аз кормандони нерӯҳои посдори сулҳ буданд. Чархбол дар минтақаи Баня Лука суқут кардааст ва, ба иттилоъи хабаргузориҳо, айни ҳол сабабҳои рух додани ҳодиса рушан нест.

XS
SM
MD
LG