Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Болоравии бесобиқаи нархи орд дар вилояти Хатлон


Дар бозору дуконҳои ин вилоят орд бештар шудааст, вале дар айни ҳол қимати афзудаи он аҳолии минтақаро ба мушкил мувоҷеҳ кардааст.

Дар ҳоле ки ахиран Бонки Ҷаҳонӣ барои таъмини амнияти ғизоӣ ва воридоти маводи озуқа ба Тоҷикистон 5 миллион доллари амрикоӣ кумаки изтирорӣ ихтисос додааст, мақомоти Кумитаи омори вилояти Хатлон мегӯянд, ғайриинтизор мизони воридоти орду гандуми танҳо кишвари Қазоқистон ба ин вилоят то 50 дарсад афзун шудааст.
Бобоҷон Алихонов, мудири бахши равобити байнулмилалии иқтисодии Кумитаи омори Хатлон, бо таъйиди ин хабар ба радиои Озодӣ гуфт, танҳо дар 5 моҳи аввали соли равон ба андозаи беш аз 6 миллион доллари амрикоӣ орду гандуми истеҳсоли Қазоқистон ба ин вилояти Тоҷикистон ворид шудааст: «Танҳо аз Қазоқистон назар ба соли гузашта ба вилояти Хатлон 57 фоиз бештар гандум ва 13 фоиз зиёдтар орд ворид шудааст. Бо вуҷуди ин ки Қазоқистон гӯиё содироти орду гандумашро манъ муваққатан кардааст, мақомоти ду кишвар тавофуқи хоссае барои харидории маводди мазкурро миёни ҳам ҳосил кардаанд. Зимнан намешавад гуфт, ки имсол орду гандум камчин мешавад».
Дар ҳамин ҳол, сокинони ҷануби кишвар аз норасоии орду болоравии бесобиқаи нархи он шикоят мекунанд.
Ин ҳам дар ҳолест, ки дуконҳои ордфурӯшӣ ҳамакнун на мисли пешин саршор аз орду гандуми қазоқию маҳаллӣ ба назар мерасанд. Муҳаммад Назар, тоҷири орду гандум дар яке аз дуконҳои бозори Қурғонтеппа, мегӯяд: «Орду гандум тадриҷан баланд меравад нархаш ва як каме дастнорас ҳам шудааст барои мардуми одӣ. Бовар кунед, барои мо соҳибкорон низ дигар ин намуди тиҷорат бесуд шудааст, зиёновар шудааст ва аз ҳамин хотир орду гандумро дар дуконҳои ордфурӯшӣ камтар мебинед…»
Ҳоло мақомоти вилояти Хатлон бо дарназардошти норасоии озуқа ва болоравии башиддати қимати маводди ниёзи аввалия тасмим гирифтаанд, ки содироти орду гандуми маҳаллиро ба хориҷ аз кишвар мутаваққиф намоянд.
Дар баробари ҳушдорҳои ҷомиъаи ҷаҳонӣ аз буҳрони эҳтимолии ғизо, мақомоти Тоҷикистон низ иқрор мекунанд, ки камбуди озуқа барои ин кишвар хатарзост. Бо таваҷҷуҳ ба ин мушкил, ахиран Бонки Ҷаҳонӣ барои таъмини амнияти ғизоӣ ба Тоҷикистон 5 миллион доллар ва ҳамзамон ҷиҳати беҳсозии вазъи беҳдоштии аҳолии аз норасоии ғизо бештар осебпазири кишвар ба тарзи илова 4 миллион доллари амрикоӣ кумаки билоивази изтирорӣ ихтисос додааст.
Гуфта мешавад, маблағҳои ихтисосёфта барои 28 000 хонаводаи ниёзманди Тоҷикистон ҷиҳати харидории орду гандум ва ҷилавгирӣ аз нобудшавии чорвои хонагӣ тақсим мешавад. Бонки Ҷаҳонӣ ҳамчунин аз болоравии қимати маводди ғизоии ба Тоҷикистон воридшаванда изҳори нигаронӣ кардааст.
Гаронтар шудани қимати орду гандум дар кишвар ба «сабади истеъмолӣ»-и мардум таъсири манфӣ расонида, аксари онҳоро водор кардааст, то барои харидории орд бахши аъзами маблағҳояшонро масраф намоянд.
Чунин ба назар мерасад, ки шумори қобили мулоҳизаи сокинони бахусус навоҳии дурдасти ҷануби кишвар барои хариди дигар анвоъи ғизоӣ пул намеёбанд, зеро тибқи иттилоъи расмӣ, тақрибан 60 дарсади аҳолии Тоҷикистон дар ҳоли фақру нодории шадид ба сар мебаранд.
XS
SM
MD
LG