Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Бузургии ақл аз бузургии сар нест


Бузургтар доимо беҳтар буда наметавонад. Ҳадди ақал, вақте сӯҳбат аз андозаи майнаи сар меравад.

Маҷаллаи таҳқиқотии "Nature Neuroscience" дар ин бора пажӯҳишеро ба табъ расондааст, ки хулосааш чунин аст.

Одатан андозаи сарро бо ақл иртибот медиҳанд. Аз он ҷое, ки андоза ва ба хусус сари мард дар муқоиса бо сари зан бузургтар, метавон гуфт, ки табиатан мард аз зан оқилтар аст? Не.

Таҳқиқоти маҷаллаи олимони асабшинос собит кардааст, ки мӯҳтавои майнаи сари мард аз мағзи сари зан фарқ дорад.

Дар майнаи сари зан моддаи хокистарранг, ки масъули муҳосибот аст, бештар мебошад.

Дар майнаи сари мард бошад, миқдори моддаи сафед, ки масъули мухобирот миёни бахшҳои ҳуҷайраҳои қисматҳои мухталифи майна аст, бештар ба назар мерасад.

Ахиран маҷаллаи "Nature Neuroscience" натиҷаи як пажӯҳишро ба табъ расонд, ки дар он андозаи мағзи сар ва таъсири он ба ақл арзёбӣ шудааст. Ба қавли муҳаққиқон майнаи сари мард аз зан тавоноии бештар надорад. Мисли он майнаи сари наҳанг низ дар муқоиса бо сари инсон тавонмандиву зиракии бештар надорад. Яъне аснои арзёбии майнаи сар андоза ва ҳатто шумораи синапс ё худ пайвасти асабҳо омили муҳимтарин нест. Дар гузашта пажӯҳишгарон таъкид мекарданд, ки ҳам зан ва ҳам мард аз наҳанг оқилтар ҳастанд, зеро дар майнаи сари онҳо шумораи синапс бештар аст. Аммо акнун муҳаққиқон аз Донишгоҳи Wellcome Trust Sanger-и Британия ба хулоса омадаанд, ки маҳалли пайвасти асабҳо ё худ синапс якранг нест. Мағзи сари инсон дар муқоиса бо муш ва ё пашша синапси бештар дорад, ва ин пайвасти асабҳо дорои печутоби бештар аст.

Дар муқоиса бо мушу пашша инсон ҳаракату рафтор ва фикрронии мухталиф дорад. Аз ин рӯ, маҳалли пайвасти асабҳо дар майнаи сари ӯ ва протеини он мураккабтар аст.

Яке аз муаллифони пажӯҳиш профессори неврология Сет Грант рушди тадриҷии синапси майнаи сарро ба рушди чипи компютерӣ шабоҳат медиҳад. Ҳарчанде ки чип пешрафта бошад, кори компютер ҳамон қадар сареътар асту андозаи компютер аҳамияти бузург надорад.

Майнаи сари инсон тахминан 100 миллиард нейрон ва 100 триллион синапс дорад. Вале ҳайвонҳои якҳуҷайра мағзи сар надоранду протеини пайвастҳои асаби онҳо 25% протеини синапси инсон ва наҳангро ташкил медиҳаду халос.

Фаҳмиши фарқи мағзи сари инсон ва ҳайвон суоли академӣ нест. Аз эҳтимол дур нест, ки бемориҳои рӯҳӣ ба монанди шизофрения ва ё ҷунун аз камбудӣ дар протеини маҳалли пайвасти асабҳо маншаъ гирад. Фаҳмиши беҳтари ин масъала имкон медиҳад, ки муолиҷаи мардуми мубталои ҷунун беҳбуд ёбад. Давоҳои кунунӣ ба беҳбуди вазъи аз се як ҳиссаи мардуми гирифтори шизофрения кӯмак намерасонанд.

XS
SM
MD
LG