Дар шаҳри Ҳангӯ, воқеъ дар шимолу ғарби Покистон чаҳор шиамазҳаби маҳаллӣ кушта шуданд. Ба иттилоъи полиси маҳаллӣ, афроди мусаллаҳи ношинос мошини онҳоро тирборон карданд. Дар Вилояти марзии шимолу ғарбии Покистон ахиран задухурди миёни сунниҳо ва шиамазҳабҳо афзоиш ёфтааст. Дирӯз дар ин минтақа бар асари инфиҷор дар масҷиди шиаҳо 4 нафар ба ҳалокат расиданд.