Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Оғози давраи дувуми мусобиқоти қаҳрамонии Тоҷикистон


Давраи дувуми мусобиқоти қаҳрамонии лигаи олии футболи Тоҷикистон оғоз гардид.

Дастаи «Парвоз»-и ноҳияи Бобоҷон Ғафуров дар майдони худ «Гвардия»-и Душанберо бо ҳисоби 5:1 шикаст дод. Воқиъан, дар ин дидор ҳамлагари «Парвоз» Нуъмонҷон Ҳакимов 2 гол ба самар расонид ва акнун ӯ бо 11 гол дар сабқати нишонзанҳои беҳтарин пешсаф аст. Дастааш - «Парвоз» - низ бо 28 имтиёз дар садри ҷадвали мусобиқот қарор гирифтааст.
Дастаи «Регар» ТадАЗ-и Турсунзода, ки дар меҳмонӣ CSKA «Помир»-и Душанберо бо ҳисоби 4:0 ноком кард, бо 26 имтиёз дар зинаи дуввум ҷойгир шудааст.
Дастаи «Хуҷанд»-и Хуҷанд, ки ғайричашмдошт дар майдони худ бозиро бо «Саройкамар»-и ноҳияи Панҷ бо ҳисоби 1:1 анҷом дод, бо 23 имтиёз мавқеъашро дар зинаи севвум нигаҳ дошт.
Натоиҷи ду бозии дигари даври 12-ум чунин аст: «Равшан» (Кӯлоб) – «Вахш» (Қурғонтеппа) – 1:3, «Энергетик» (Душанбе) – «Динамо» (Душанбе) – 1:1.
Мавқеъи дастаҳо дар ҷадвали мусобиқот
Ҷ
Дастаҳо
Б
Ғ
М
Б
Т
И
1.
«Парвоз»
11
9
1
1
27-9
28
2.
«Регар» ТадАЗ
11
8
2
1
32-8
26
3.
«Хуҷанд»
11
7
2
2
11-6
23
4.
«Вахш»
11
5
2
4
13-10
17
5.
«Динамо»
11
4
4
3
14-12
16
6.
CSKA «Помир»
11
5
0
6
10-18
15
7.
«Тоҷиктелеком»
10
4
0
6
16-17
12
8.
«Равшан»
11
3
1
7
13-22
10
9.
«Энергетик»
11
2
3
6
13-21
9
10.
«Гвардия»
11
2
2
7
11-26
8
11.
«Саройкамар»
11
1
3
7
13-24
6

Бозиҳои даври 13-уми мусобиқот: 18-уми июн - «Равшан» (Кӯлоб) – «Тоҷиктелеком» (Қӯрғонтеппа), «Хуҷанд» (Хуҷанд) - «Гвардия» (Душанбе), «Вахш» (Қурғонтеппа) - CSKA «Помир» (Душанбе), «Энергетик» (Душанбе) - «Регар» ТадАЗ (Турсунзода), 19-уми июн - «Парвоз» (Бобоҷон Ғафуров) - «Саройкамар» (Панҷ).
XS
SM
MD
LG