Дар даври имрӯзаи ҷоми аврупоии футбол дар Австрия қувваозмоии дастаҳои гурӯҳи В - Хорватияву Лаҳистон дар Клагенфурт ва Олмону Австрия дар Вена дар назар аст. Тибқи натиҷаҳои даври дирӯзаи бозиҳо, Туркия, бо мағлубсозии футболбозони Ҷумҳурии Чех бо ҳисоби 3-2 ба даври чаҳорякфинал роҳ ёфт. Аксар таҳлилгарон натиҷаҳои ин бозиро ғайримунтазира арзёбӣ карданд. Ва дар рақобати миёни дастаҳои Португалияву Швейсария дастаи дуюм ҳам ғайри қобили пешбинӣ аввалиро бо ҳисоби 2 бар сифр шикаст дод. Португалия аммо аллакай ба бозиҳои чорякфиналӣ роҳ ёфтааст.