Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Вокуниши Канада ба ҳамлаи зиндони Қандаҳор


Вазири дифои Канада Питер Маккей ҳамлаи Толибон ба зиндоне дар ҷануби Афғонистонро, ки боиси раҳошавии садҳо зиндониҳо ва ҷангиёни Толибон шудааст, ҳодисаи "хеле таассуфангез" унвон кард. Дар сӯҳбат бо телевизиони Канада вай гуфт, ки сарбозони иловагии канадаӣ ва нирӯҳои байналмилалии посдори сулҳ дар Қандаҳор, маҳалли ҷойгиршавии зиндон, мустақар хоҳанд шуд. Канада дар Афғонистон ҳудудан 2500 сарбоз дорад, ки дар ҷануби ин кишвар таҳти раҳбарии НАТО хизмат мекунанд.

XS
SM
MD
LG