Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Таниш дар ҳоли афзудан аст


Танише дар равобити Покистону Афғонистон дар пайи изҳороти рӯзи гузаштаи раиси ҷумҳурӣ Ҳомиди Карзай дар ҳоли афзудан аст. Карзай дар баробари хабарнигорон рӯзи якшанбе гуфт, ки ба хотири ҳимояи кишвараш аз оташи шӯришиёну Толибон омода аст нирӯҳояшро ба хоки Покистон ирсол кунад. Дар посух вазорати хориҷаи ин кишвар гуфтааст, ки ҳама гуна иқдом алайҳи шӯришён дар хоки Покистон танҳо аз ҷониби нирӯҳои покистонӣ гирифта хоҳад шуд. Нахуствазири ин кишвар Юсуф Ризо Гелонӣ гуфт, ки Покистон мудохила ба қаламрави худро иҷоза нахоҳад дод.

XS
SM
MD
LG