Кондализа Райс, Котиби давлатии Иёлоти Муттаҳида изҳор кард, ки идомаи бунёди маҳаллаҳои яҳудинишин дар Каронаи бохтарии руди Урдун метавонад ба раванди музокирот оид ба созиши сулҳи Ховари Миёна халал ворид кунад. Хонум Райс, ки айни ҳол бо як сафари корӣ дар Исроил ба сар мебарад, бо раҳбарони Фаластин низ мулоқот хоҳад кард.
Ҳафтаи гузашта ҳукумати Исроил тарҳи бунёди боз 1300 манзил барои муҳоҷирини яҳудӣ дар қисмати шарқии Байтулмуқаддасро пазируфта буд.