Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Афғонистон ҷустуҷӯи фирориёнро идома медиҳад


Артиши Афғонистон ва нерӯҳои байнулмилалии мустақар дар кишвар ҷустуҷӯи маҳбусони аз зиндони Қандаҳор фироркардаро идома медиҳанд. Ба иттилоъи расмӣ, бар асари амалиёти вижаи ин нерӯҳо, ки рӯзи шанбе шурӯъ шуд, дасти кам 15 ошубгар кушта ва 5 нафари дигар дастгир шуданд. Ва аммо ҳанӯз рушан нест, ки миёни онҳо афроди аз маҳбас фироркарда ҳастанд ё на.

Фирори дастаҷамъона аз маҳбаси шаҳри Қандаҳор бегаҳи ҷумъа, бар асари як ҳамлаи толибон ба вуқуъ пайваст. Ба иттилоъи мақомоти маҳаллӣ, маҳбасро беш аз 800 тан аз зиндониён, аз ҷумла, садҳо мусаллаҳони Толибон тарк кардаанд.
XS
SM
MD
LG