Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Афғонистон бо Толибон дар Покистон меҷангад


Ҳомиди Карзай, раисиҷумҳури Афғонистон изҳор кард, ки омода аст ба артиши кишвар барои убур аз марзи Покистон ва шурӯъи амалиёт алайҳи Толибон дар қаламрави кишвари ҳамсоя фармон диҳад. Ба гуфтаи ӯ, Афғонистон ҳақ дорад, ки худро аз ҳамлаҳои пайвастаи Толибон аз қаламрави Покистон дифоъ кунад.

Карзай ҳамчунин ба раҳбарони Толибон дар Покистон ҳушдор дод, ки артиши Афғонистон онҳоро дар ҳама ҷо таъқиб хоҳад кард.

Сарвари Афғонистон чандин бор аз кишвари ҳамсоя даъват кардааст, ки бо мусаллаҳони Толибон дар қаламрави Покистон фаъолтар мубориза барад.

XS
SM
MD
LG