Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нигарониҳои вазирон аз қимати болои нафту озуқа


Вазирони молияи ҳашт кишвари пешрафтаи саноатии олам аз хатари ҷиддии болоравии қимати нафт ва маводи озуқа ба иқтисоди ҷаҳон ҳушдор доданд. Дар эъломияи муштараки онҳо, ки дар поёни нишасти дурӯза дар шаҳри Осакаи Ҷопон пазируфта шуд, омадааст, "афзоиши қимати нафту озуқа ба болоравии инфлятсия ё таварруми пул ва густариши фақру нодорӣ меоварад".

Вазирони молия аз кишварҳои содиркунандаи нафт даъват карданд, ки ба хотири ҷилавгирӣ аз идомаи болоравии қимати нафт тавлиди ин маводи сӯхтро афзоиш диҳанд.

XS
SM
MD
LG