Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ду чоҳи газ дар минтақаи Кӯлоб барқарор мешаванд


Имруз дар Душанбе миёни ҳукумати Тоҷикистон ва ширкати "Кулоб петролеум Лимитед " қарордоде дар бораи тақсими маҳсулот ба имзо расид. Дар ин қарордод барқарории чоҳҳои истихроҷи гоз ва таҷдиди таҷҳизоти "Хоҷа Сартез" ва "Балҷувон" дар назар гирифта шудааст. Дар марҳалаи аввал "Кулоб петролеум Лимитед " барои анҷоми ин корҳо 800 ҳазор доллар ихтисос медиҳад ва то поёни соли ҷорӣ яке аз ин чоҳҳо мавриди баҳрабардорӣ қарор мегирад. Дар маҷмуъ барои анҷоми корҳои зарурӣ дар чоҳҳои "Хоҷа Сартез" ва "Балҷувон" 25 миллион доллар дар назар гирифта шудааст.
XS
SM
MD
LG