Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мулоқоти Буш бо Попи Рум


Сафари аврупойии Буш имрӯз аз мулоқоти Попи Рум Бенедикти 16 дар шаҳри Ватикан идома хоҳад ёфт. Рӯзи гузашта вай дар Рум буд ва бо нахуствазири Итолиё Силвио Берлусконӣ барномаи ҷанҷолбарангези ҳастаии Эронро баррасӣ кард. Берлусконӣ барои ҳалли ин мушкил кӯмаки Итолиёро пешниҳод кард ва гуфт, ки бо Эрон кишвари вай равобити қадимаи тиҷоратӣ дорад. Буш гуфт, ки Эрон бояд фаъолиятҳои ғанисозии ураниумро хотима диҳад, вагарна бо таҳримҳову инзивои бештари байналмилалӣ рӯбарӯ хоҳад шуд.

XS
SM
MD
LG