Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Эъдоми 8 нафар дар Эрон


Рӯзномаи давлатии Эрон хабар дод, ки ҳукми қатли ҳашт маҳбуси зиндони Эвин ба иҷро расидааст. Ҷузъиёти парванда ва ҳукми эъдомшудагон номаълум монда, гуфта мешавад, синни шаш нафари онҳо аз 34 поин буд. Дар Эрон ҷароиме монанди таҷовуз ба номус, ғоратгарии мусаллаҳона, одамрабоӣ, қочоқи маводи мухаддир ва ғайра бо ҳукми қатл муҷозот мешаванд. Аз аввали сол то ҳол дар Эрон 63 нафар эъдом шудаанд.
XS
SM
MD
LG