Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Кушта ва захмиёни таркиш дар Навори Ғазза


Инфиҷор дар манзиле дар шимоли Навори Ғазза чор нафарро кушта 20 тани дигарро захмӣ кард. Шоҳидон мегӯянд, таркише ки хонаро дар Байт Лаҳийя фурӯ нишонд, ҳамлаи ҳавоӣ буд. Аммо ҳарбиёни Исроил мегӯянд, дар ин минтақа ҳеч ҳамлаи ҳавоиро анҷом надодаанд ва инфиҷор метавонад, дохилӣ бошад. Ба гуфтаи Муовия Ҳасанайн, раҳбари хадамоти изтирории Ғаззаи таҳти назорати Ҳамос, аксари қурбониён аъзои як хонавода будаанд.
XS
SM
MD
LG