Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ироқ: ҳузури ИМА ва ояндаи норавшантар дар кишвар


Ироқ ҳамоно ноором аст
Ироқ ҳамоно ноором аст

Чарлз Рекнегел Ҷараёни музокироти миёни Вашингтону Бағдод барои қабули аҳдномаи нави амниятӣ ба як буҳрони сиёсӣ табдил мешавад.

Ин музокирот ҳадаф дорад, ки заминаҳои қонунии ҳузури нерӯҳои амрикоӣ дар хоки Ироқро баъди анҷоми муҳлати ваколати СММ дар ин кишвар таҳия созад. Аммо масъала ин аст, ки, ба андешаи аксар сиёсатмадорони ироқӣ, Созишномаи мақоми нерӯҳои амрикоӣ дар Ироқ (SOFA), якпорчагии ин кишварро ба ҳам зада, эҳтимол дорад аз ҷониби порлумони Ироқ рад шавад.
То ҳол тафсилоти пурраи муҳтавои ин созишнома ба расонаҳои хабарӣ ошкор намешавад ва танҳо ҷузъиёти он аз забони сиёсатмадорони ироқӣ, ки шадидан мухолифи қабули он мебошанд, ба гӯш мерасад. Тавре мақомоти ҳар ду ҷониб мегӯянд, як тарҳе дар дасти арзёбӣ аст, ки онро намешавад чун санади ниҳоӣ муаррифӣ кард ва, аз ҳамин хотир ҳам, феълан ҷузъиёти он махфӣ нигоҳ дошта мешавад. Аммо ба ҳар ҳол, гаҳ-гоҳе баъзе сиёсатмадорон, мисли раҳбари эътилофи шиъиёни порлумони Ироқ Ҳусайни Фаллуҷӣ, бо изҳори норизоятиашон аз ин созишнома назари худро баён мекунанд.
Дирӯз Фаллуҷӣ дар суҳбат бо радиои «Ироқи озод», аз ҷумла, гуфт: "Мо тавзеҳотеро дарёфт кардем, ки ношӣ аз такаббур, диктат ва таҳдид ба мардуми Ироқ буд. Мо бояд аз ду якеро интихоб кунем: ин созишномаро қабул кунем ва ё муҳлати амали Фасли 7-уми оинномаи СММро тамдид кунем. Барои мо беҳтар аст, ки Фасли 7-ум боқӣ монад, ба вижа дар ҳолате, ки ИМА бо ҳузури худ дар муқоиса бо имрӯз ояндаи боз ҳам номуайянтарро ваъда медиҳад".
Бо ҳамин лаҳн бархе сиёсатмадорони дигар ҳам назари худро роҷеъ ба мазмуни эҳтимолии созишнома ва муносибати худ ба онро баён мекунанд. Узви кумитаи амнияти порлумони Ироқ Ҳасани Синаид гуфт, ки, аз рӯи маълумоти вай, барои баррасӣ феълан ду тарҳ қарор дорад, ки аз ҳар ду ҷониб пешниҳод шудааст. Тарҳи амрикойӣ, ба қавли вай, ҳузури бемуҳлати нерӯҳо дар Ироқ ва нуфузи зиёдро дар назар мегирад, ки, ба андешаи ироқиҳо, қобили қабул нест ва, аз ҳамин хотир ҳам, баҳсҳо доғтар мешавад. Ва феълан ҳеҷ як нафар на дар Бағдод ва на дар Вашингтон омода нест, ки дар бораи тафсилоти ин созишнома ҳарфе бизанад.
Тавре аксар нафарони огоҳ мегӯянд, тарҳи созишномаи мақоми нерӯҳои амрикоӣ тахминан ба ингуна масъалаҳо муроҷиъат кардааст: Аввал ин ки ИМА хоҳони таъсиси 58 пойгоҳи низомии дарозмуддат дар хоки Ироқ баъди анҷоми ваколатҳои СММ дар охири соли ҷорӣ мебошад. Дигар чизе, ки ба он мақомоти Ироқ таъкид мекунанд, ин аст, ки Вашингтон мехоҳад нерӯҳои амрикоӣ бидуни огаҳии пешакии Бағдод амалиёти таъқибу нобудсозии душманонро идома диҳанд. Як мақоми ироқӣ ҳамчунон гуфт, ки Вашингтон хоҳони доштани салоҳияти боздошт ва нигаҳдошти ироқиҳо бидуни таслими онҳо ба сохторҳои ҳифзи қонуни Ироқ мебошад. Инчунин гуфта мешавад, ки низомиёни амрикоӣ ва кормандони хадамоти хусусии амниятӣ дар баробари қонунҳои ироқӣ масуният хоҳанд дошт. Ва ниҳоят, тавре аз гузоришҳо бармеояд, Вашингтон мехоҳад чун қабл контрол бар ҳарими ҳавоии Ироқро, аз ҷумла ҳаққи дар ҳаво сӯхтгирии ҳавопаймоҳояшро ҳифз кунад.
Вашингтон ҳанӯз ҳам дар робита бо муҳтавои ин қарордод тавзеҳе надодааст. Танҳо раисҷумҳур Ҷорҷ Буш ахиран дар Олмон гуфт, ки созишномаи мазкур ончиро, ки барои таъмини амнияту суботи Ироқ лозим аст, дар худ гунҷоиш додааст. Буш. Аз ҷумла, таъкид кард: «Дар Ироқ ягон пойгоҳи ҳамешаамалкунанда бунёд нахоҳад шуд".
Дар ҳоле, ки ҷониби Амрико итминони хотир медиҳад, ки созишномаи мазкур дар муҳлати таъйиншуда, яъне то охири моҳи июл, пазируфта хоҳад шуд, дар Ироқ роҷеъ ба қабул шудани он шакку гумонҳо зиёд аст. Тавре коршиносон мегӯянд, феълан миёни Ироқу Амрико ҳудуди 80 созишнома амал мекунад, аммо масъалаи қабули қарордоди нав дар ин аст, ки он ширкати нерӯҳои амрикоиро дар амалиёти ҷангӣ дар назар мегирад ва дар ҷараёни ин амалиёт аз ҷониби онҳо даҳҳо ҳазор низомиёни қарордодӣ ҷалб мешаванд. Мониъаи дигар ва хеле муҳим мавқеъи Эрони ҳамсоя аст, ки шадидан мухолифи қабули ин созишнома мебошад. Эрон, ки бо ҳизбҳои шиъиёни Ироқ равобити наздик дорад, эълом намудааст, ки бо таъсиси пойгоҳҳои низомӣ дар хоки Ироқ Вашингтон мехоҳад болои Ҷумҳурии исломии Эрон ҳамла кунад. Вале Вашингтон ин иттиҳомотро рад мекунад.
Ин ҳам дар ҳолест, ки дар ҳоли ҳозир як ҳайъати порлумонии Ироқ бо талоши омӯзиши шарту шароити созишномаи амниятӣ бо Амрико дар Вашингтон қарор дорад ва баъди бозгашташ дар ҳафтаи ҷорӣ эҳтимолан баъзе тафсилоти дигари ин санад мушаххас шавад.
Аммо боз ҳам, тавре баъзе соҳибназарон мегӯянд, дар сурати адами тавофуқи Ироқ бо тарҳи пешниҳодии Амрико коре ҷуз тамдиди ваколатҳои СММ дар Ироқ боқӣ намемонад, то баррасии шарту шароити нави созишномаи амниятӣ ба соли дигар вогузор шавад.
XS
SM
MD
LG