Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Президенти ИМА ба Италия рафт


Дар чорчӯби охирин сафари бузурги Аврупо дар мансаби президенти ИМА Ҷорҷ Буш вориди Италия шуд. Қабл аз зиёрати Ром Буш дар Берлин бо кантслери Олмон хонум Ангела Меркел барномаи ҳаставии Эронро баҳс кард.
Тахмин мешавад, ки дар Италия ҳам барномаи ҳаставии Эрон идома ёфта, ҳамчунон президент Буш аз сарвазири ин кишвар Силвио Берлусконӣ ҳузури фаъолтари нерӯҳои италиявӣ дар Афғонистонро дархост мекунад.
Дар ҷараёни ин сафар Буш зиёрат аз Ватикан, Фаронса. Англия ва Ирландияи Шимолиро низ мадди назар дорад.
XS
SM
MD
LG