Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

ҲНИ ба Ховалингу Шурообод роҳ меёбад



Мирзои Салимпур



Абдусамад Ғафуров, муовини раиси бахши вилоятии Ҳизби Наҳзати Исломии Тоҷикистон(ҲНИ) дар минтақаи Кулоб ба хабаргузории "Азия Плюс" гуфт, ин ҳизб пиромуни баргузории анҷумани таъсисотиаш бо мақомоти ду ноҳияи Ховалингу Шурообод ба тавофуқ расидааст.

Аз ҷумла бо ҳукумати ноҳияи Ховалинг чунин созиш ҳосил шудааст, ки ҲНИ феҳрасти асомии аъзои ҳизб дар ин ноҳияро неву танҳо номаи ҳоли раҳбарони шуъбаи ноҳиявиашро ба мақомот ироа мекунад.

Оқои Ғафуров афзуд, анҷумани таъсисотии ҲНИ дар ноҳияи Шурообод рузи 25 март ва дар Ховалинг моҳи апрел дар назар гирифта шудааст.

Абдусамад Ғафуров гуфт, музокироти онҳо бо раҳбарияти ноҳияи Восеъ дар ин замина ҳануз муваффақ нашудааст, вале ҲНИ умедвор аст, ки дар ин мавзеъ ҳам кори онҳо дар ниҳоят бо роҳи мусолиматомез ҳалл хоҳад шуд.

XS
SM
MD
LG