Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Аъзои ҲТТ ба гуруснанишинӣ оғоз карданд



Холиқи Сангин



Имруз, 12 март чор узви Ҳизби Тараққиёти Султон Қувватов бо эътироз аз нақзи ҳуқуқ ва озодиҳои шаҳрвандӣ дар кишвар ва ба гуфтаи онҳо, нодида гирифта шудани ин созмону талабҳои он аз тарафи мақомоти давлат гуруснанишинии сиёсии худро сар карданд. Дар гуруснанишинии эътирозӣ ду муовини райиси Ҳизби Тараққиёт Рустам Файзиев ва Шодихон Кенҷаев ва аъзои ҳизб Зафар Турдиеву Маҳмадшоҳ Қувватов иштирок доранд.

Вақте ба қароргоҳи Ҳизби Тараққиёт ба хотири огаҳӣ аз вазъи гуруснанишинон омадем, онҳо гуфтанд, ки аз соати 6 субҳ чизе нахурдаанд. Аммо дар қароргоҳи ҳизб танҳо Рустам Файзиев ва як нафар донишҷу бо номи Зафар Турдиев аз ҷумлаи гуруснанишинон ҳузур доштанд. Ба қавли Рустам Файзиев, ду нафари дигар аз эътирозгарон ба гуруснанишии сиёсӣ дар манзили худ идома медиҳанд.

Аз Рустам Файзиев пурсидам, ки гуруснанишинии онҳо чанд руз давом хоҳад кард? Вай гуфт: "Чанд руз гуруснашинии мо давом карданаш ба вазири адлия вобаста аст. Аммо ман то замони қувват доштан гуруснанишинӣ мекунам." Рустам Файзиев афзуд, бовар надорад, ки вазорати адлия ба гуруснанишинии онҳо эътибор дода, ҳизбашонро сабти ном кунад.

Дар ҳамин ҳол масъули раёсати сабти номи аҳзоби сиёсӣ ва иттиҳодияҳои ҷамъиятии вазорати адлия гуфт, Сулаймон Давлатов гуфт, ҳануз аз ҷониби Ҳизби Тараққиёт дар мавриди гуруснашинии аъзои ин ҳизб расман ба вазорати адлия нома нарасидааст. Ва вазорати адлия феълан дар иҷрои кадом иқдоме, хусусан дар мавриди сабти ном кардани Ҳизби Таррақиёт худдорӣ менамояд. Оқои Давлатов афзуд, феълан як гуруҳ аз коршиносони додситонии кулли Тоҷикистон масъалаи ойинномаи ҳизбро бо намояндагони вазорати адлия баррасӣ доранд.

XS
SM
MD
LG