Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳукумат дархости Ҳизби Тараққиётро рад кард



Мирзонабии Холиқзод



Ҳукумати шаҳри Душанбе дархости Ҳизби Тараққиёти Тоҷикистонро дар мавриди баргузории як гирдиҳамоӣ дар пойтахт рад кард. Саидраҳмон Шарифов - корманди шуъбаи маъмурӣ - ҳуқуқии дастгоҳи ҳукумати шаҳри Душанбе - 10 март дар як суҳбати ихтисосӣ бо Радиои Озодӣ, гуфт, дар ҳақиқат ба ҳукумати шаҳр аз тарафи аъзои раёсати ҳизби ғайрирасмии Тараққиёт номае бо дархости баргузории митинг расида буд, аммо чанд иллате дар нома ва дар наҳваи пешниҳоди нома ба шаҳрдорӣ ҷой дошт, ки ҳукумати шаҳр ба сурат додани гирдиҳамоӣ иҷозат надод: "Мувофиқи қонун онҳо бояд, ки 15 руз пеш аз гирдиҳамоие, ки рузша муайян карда буданд, 15 руз пеш хабар медоданд, ба раиси шаҳр. Аммо мактуби онҳо се руз пеш омад ва онҳо меъёри қонуна риоя накарданд. Дуюм ин ки имзои худи раис дар он ҷо набуд ва Ҳизби Тараққиёт, ҳамчун ҳизби расмӣ ба қайд гирифта нашудааст."

Аммо раиси Ҳизби Тарақиёт Султон Қувватов гуфт, замоне, ки номаи ҳизб ба шаҳрдорӣ ирсол шуд, вай дар сафари хидматӣ дар хориҷи кишвар ба сар мебурд. Вале Қувватов дар маҷмуъ посухи шаҳрдориро як дасисаи ҳукумат алайҳи ҳизбаш хонд ва афзуд ҳукумат мехоҳад, бо ин роҳҳо аъзои ҳизбро барои анҷоми амали ғайриқонунӣ таҳрик диҳад: "Шантаж карда истодаанд. Як гуруҳ мехоҳанд, ки ман ягон кори ғайриқонунӣ кунам. Ин шантажи навбатии ҳукумат аст. Онҳо иҷозат надоданд, амният дигар чизҳо гуфта, амнията ҳукумат бояд таъмин кунад. Мо охирин номаро менависему лекин онро ҳатман ташкил мекунем."

Ба қавли раиси Ҳизби Тараққиёт Султон Қувватов, дар ҳоли ҳозир аъзои раёсати ҳизб дар ивази номаи шаҳрдорӣ дар пайи мактуби дигар бо дархости баргузории гирдиҳамоӣ дар шаҳри Душанбе мебошанд. Оқои Қувватов афзуд, агар посухи шаҳрдорӣ ба номаи навбатӣ ба ҳар шакле, ки набошад онҳо даст ба гирдиҳамоӣ мезананд. Ҳадафи гирдиҳамоӣ танҳо ин мебошад, ки ниҳоят ҳукумат мавқеи худро дар масъалаи сабти номи Ҳизби Тарақиёт рушан созад.

Се сол мешавад, ки Ҳизби Тараққиёт оиннома ва асноди дигари лозимаро барои қайди ҳизб ба вазорати адлия пешниҳод намудааст.

XS
SM
MD
LG