Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Озодиҳои мазҳабӣ дар Тоҷикистон дар соли 2003



Нурмуҳаммади Холзода

Бахши дигар аз Гузориши департаменти давлатии Амрико роҷеъ ба ҳуқуқи инсон

Дар гузориши вазорати хориҷаи Амрико роҷеъ ба озодиҳои мазҳабӣ дар Тоҷикистон омадааст, тибқи Қонун дар бораи дин ва гуруҳҳои динӣ ҷамъиятҳои мазҳабӣ бояд дар Кумитаи давлатии умури динии назди ҳукумати Тоҷикистон сабти ном кунанд. Ғолиб Ғоибов - раиси кумитаи мазкур дар ин бора чунин мегуяд: "Ташкилотҳои динии ғайриисломӣ дар Тоҷикистон озодона фаъолият мекунанд ва ба қайд гирифта шудаанд."

Сабти ном расман бад-ин маъност, ки ин гуруҳҳо тибқи қавонини мавҷудаи Тоҷикистон фаъолият кунанд. Вале вазорати хориҷаи Амрико дар гузориши солонаи худ мегуяд, ҳадафи аслӣ назорат бар фаъолияти гуруҳҳои мазҳабӣ мебошад. Дар ин гузориш омадааст, давлати Тоҷикистон озодиҳои ҳеҷ мазҳабро мамнуъ ва ё маҳдуд намекунад, аммо дар баъзе маворид мақомоти маҳаллӣ барои ҷилавгирӣ аз фаъолияти гуруҳҳои мазҳабӣ дархост мекунанд, ки онҳо дар идораҳои маҳаллӣ сабти ном шаванд.

Масалан, моҳи апрели соли 2003 мақомоти шаҳри Турсунзода ду узви ҷомеъаи мазҳабии яҳоваҳро барои таблиғи ақидаҳои мазҳабӣ ҷарима карданд. Мақомот далел меоварданд, ки мубаллиғони яҳоваҳ барои таблиғи дини худ иҷозаи расмии мақомоти маҳаллиро надоштаанд, бо вуҷуди ин ки дини мазкур дар Кумитаи давлатии умури динии Тоҷикистон сабти ном шудааст. Моҳи июли соли 2003 Кумитаи давлатии умури динӣ бо мақомоти маҳаллии вилояти Суғд барои имомхатибони масоҷид имтиҳон баргузор карданд. Ду имомхатиб дар ин имтиҳон комёб нашуд ва мақоми худро тарк кард. Як соли пеш 15 имомхатиб ба чунин сарнавишт дучор шуда буд.

Ба ақидаи нозирони маҳаллӣ, ҳадафи чунин имтиҳонҳо ҷилавгирӣ аз фаъолиятҳои сиёсии шахсиятҳои мазҳабӣ мебошад. Аммо Ғолиб Ғоибов - раиси кумитаи давлатии умури динӣ мегуяд, ҳадафи чунин имтиҳон, ки соле як бор анҷом мегирад, санҷиши дониши имомхатибҳо мебошад: "Ҳар сол дар ноҳияҳои гуногун, дар вилоятҳои гуногуни ҷумҳурӣ ин кор иҷро карда мешавад. Ғараз аз ин кор баланд бардоштани сатҳи донишҳои имому хатибони масҷидҳо мебошад."

Бино ба гузориши вазорати хориҷаи Амрико дар бораи озодиҳои мазҳабӣ, давлати Тоҷикистон бо бунёдгароии исломӣ равиши оштинопазир дар пеш гирифтааст. Фаъолияти "Ҳизб-ут-Таҳрир" дар қаламрави ин кишвар мамнуъ эълон шудааст. Аъзои ин ҳизб бештар аҳолии узбакзабони Тоҷикистон ва сокини шимоли Тоҷикистон мебошанд. Давлат аъзои ин ҳизбро аслан ба иттиҳоми харобкорӣ боздошт мекунад. Бино ба маълумоти вазорати аминяти Тоҷикистон, дар нимаи аввали соли 2003 50 узви "Ҳизб-ут-Таҳрир" боздошт ва аз он 20 нафар ба муҳлатҳои мухталиф маҳкум ба зиндон шудаанд. Бино ба маълумоти матбуот, дар давоми сол 160 нафар боздошт шудаанд. Додгоҳ 34 нафари онҳоро гунаҳкор эълон кардааст. Мақомоти давлатӣ мегуянд, онҳо дар зиндон мавриди шиканҷа қарор намегиранд.

Ғаюр Қаҳоров - раиси созмони ғайридавлатии "Социолог" дар Тоҷикистон нодориву фақрро сабаби гароиш ба "Ҳизб-ут-Таҳрир" арзёбӣ мекунад. Вай мегуяд, чунин вазъ водор кардааст, ки баъзе афрод барои гузарони зиндагӣ ҳамкорӣ бо ин ҳизбро пазиранд ва барои тавзеъи адабиёти ин ҳизб ҳақ бигиранд.

Бино ба гузориши вазорати хориҷаи Амрико, соли гузашта ду мақоми раҳбарии Ҳизби қонунии Наҳзати Ислом, Шамсиддин Шамсиддинов ва Қосим Раҳимов боздошт ва зиндонӣ шуданд. Гоҳо шохаҳои мазҳабҳои гуногун аз суи аҳолии маҳалии мусулмон таҳқир мебинанд, вале он ҷанбаи сартосарӣ надорад. Бино ба гузориши мазкур, гуруҳҳои баҳоӣ дар маҳалҳо мавриди таҳқир қарор гирифтаанд. Шаҳло Исмоилова - яке аз пайравони дини баҳоӣ дар мавриди вилояти Суғд чунин мегуяд: "Намояндагони дигар динҳоро ҳамчун намояндагони динҳои воқеан илоҳӣ эътироф намекунанд ва онҳоро бидъат меноманд."

Бунгоҳҳои нашаротии давлатӣ аз чопи нашрияҳо ба хати арабӣ, ба вижа аз чопи адабиёти мазҳабӣ дар соли 2003 гаҳ-гоҳе худдорӣ кардаанд, бо вуҷуди ин, ки таълими хати арабӣ дар мактабҳои Тоҷикистон иҷоза дода шудааст. Сабаби чунин маҳдудият нигарониҳои давлат аз интишори раҳнамудҳои исломист, ки ҷанбаи сиёсиву бунёдгароӣ дорад.

XS
SM
MD
LG