Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳизби Тараққиёт митинг баргузор карданист



Раҳматкарими Давлат



Мақомоти шаҳрдории Душанбе, пойтахти Тоҷикистон, мегуянд, то кунун дархости расмии Ҳизби Тараққиёти Тоҷикистон барои баргузории гирдиҳамоиро дарёфт накардаанд. Восиф Рустамов, раиси дастгоҳи иҷроияи шаҳрдории Душанбе гуфт, дар сурати ворид шудани ин гуна пешниҳод ҳеҷ монеае дар роҳи содир шудани иҷоза барои гирдиҳамоӣ нахоҳад буд: "Қонун дар бораи митингу намоишҳо ҳаст. Бар асоси қонун дида мешавад, вай муҳлат металабад. Дар муҳлати 15 руз аст 10 руз аст, вай дархост бояд баррасӣ шавад. То ҳоли ҳозира мо аз даҳони ҳар кас дар бораи ин дархост шунидем."

Ин дар ҳолест, ки дар ду рузи пеш Ҳизби Тараққиёти Тоҷикистон бо интишори як нома ба унвони раиси ҷумҳур, СММ ва расонаҳои хабарӣ эълон карда буд, ки аз шаҳрдории Душанбе дархости иҷоза барои баргузор кардани митинги тарафдорони ҳизбашро кардаст. Ҳамчунин дар дафтари Ҳизби Таррақиёт низ рузи сешанбе ба Радиои Озодӣ гуфтанд, ки чунин мактуберо ба мақомоти шаҳрдорӣ пешниҳод кардаанд.

Дар ҳамин ҳол Рустам Мингалиев, муовини вазири адлияи Тоҷикистон, низ хабари посух гуфтани ин вазоратхона ба дархости Ҳизби Тараққиёти Тоҷикистонро рад кард. У гуфт, вазорати адлия то кунун омузиши асноди ҳизби мазкурро идома медиҳад.

XS
SM
MD
LG