Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Исматовро дар Маскав боздошт кардаанд



Мирзои Салимпур



Бино ба гузориши хабаргузории "Интерфакс", дар шаҳри Маскав як зодаи Тоҷикистон бо иттиҳоми иртиботаш бо созмонҳои ифротиву террористӣ боздошт шудааст.

Дафтари матбуоти идораи мубориза бо ҷиноятҳои муташаккили идораи милисаи пойтахти Русия боздоштшударо "узви як гуруҳи муташаккили байналмилалӣ Муҳаммад Исматов" номида, гуфтааст, у аз соли 2002 бо иттиҳоми таҳияи суиқасд ба ҷони арбоби давлатӣ, яъне амалиёти террористӣ ва ташкили гуруҳи ҷиноӣ дар маърази таъқиб гузошта шуда буд.

Ҳамин манбаъ мегуяд, хабари боздошти Муҳаммад Исматов ба мақомоти Душанбе расонида шудааст ва акнун масъалаи истирдоди вай ба Тоҷикистон матраҳ хоҳад шуд.

Муҳаммад Исматов то ҳол бо як шиносномаи ҷаълӣ, ки ба номи шаҳрванди Русия Вадим Малишев навишта шуда буд, дар наздикии метрои Шукино ба сар мебурдааст. Зимни боздошт ин шиносномаро аз вай мусодира кардаанд. Муҳаммад Исматов ҳануз соли 1991 бо ҷурми убури ғайриқонунии марз ба 9 соли зиндон маҳкум шуда буд, вале дар асоси як қонуни афв баъди се сол аз маҳбас озод шуд.

Баъдан Муҳаммад Исматов, ба гуфтаи мақомот, як муддат дар хоки Афғонистон тамрини низомӣ гирифта, аз кишварҳои Ховари Миёна, аз ҷумла аз Эрон низ дидан кардааст. Бар пояи ин далел, эҳтимоли иртиботи у бо гуруҳҳои байналмилалии террористӣ низ аз суи мақомот сарфи назар карда нашудааст.

XS
SM
MD
LG