Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

СПИД дар Осиёи Марказӣ густариш меёбад



Саидқосими Қиёмпур



Ангезанда ва ё вируси Эйч Ай Ви дар Аврупои Шарқӣ ва Осиёи Марказӣ ба таври бесобиқа тавсиа ёфтааст. Соли гузашта дар ин ду минтақа ҳудуди 250 ҳазор нафар ба ин вирус гирифтор шуданд, изҳор дошт раиси идораи мубориза бо СПИД-и Созмони Милал Питер Пиот дар ифтитоҳи як конфронси байналмилалӣ дар шаҳри Дублин, пойтахти Ирландия. Дар ин нишаст, ки ба масоили марбут ба ҷилавгирӣ аз паҳншавии ангезандаи Ейч Ай Ви ва маризии СПИД бахшида шуд, намояндагони 55 кишвар ширкат доштанд.

Питер Пиот, масъули идораи Созмони Милал оид ба мубориза бо СПИД гуфт, паҳншавии ангезандаи Эйч Ай Ви ба вижа дар Аврупои Шарқӣ ва Осиёи Марказӣ боиси нигаронии шадид шудааст. У гуфт, соли 1995, вақте ки дар ин қаламрав 30 ҳазор нафар мубталои Эйч Ай Ви буданд, кӣ тасаввур мекард, ки ин теъдод имруз ба якуним миллион нафар мерасад, яъне дар тули камтар аз 10 сол шумораи мубталоён 50 баробар афзоиш меёбад.

Бемории СПИД, ки ҳамагӣ ду даҳсола пеш ошкор шуд, дар қарни 21 низ аз мудҳиштарин бемориҳои сироятӣ боқӣ мемонад. Ба гуфтаи Питер Пиот, алҳол аз ҳама бештар сокинони Африқо, аз ҷумла, минтақаи Саҳрои Кабир ба ин маризӣ гирифторанд. Аммо пажуҳиши идораи Созмони Милал ҳокист, ки суръати паҳншавии вируси беморӣ дар Аврупои Шарқӣ ва Осиёи Марказӣ нисбат ба дигар манотиқи олам баландтар аст.

Созмони Милал пешгӯӣ мекунад, ки дар оянда ангезандаи Эйч Ай Ви шумораи бештари сокинони Аврупои Шарқӣ ва Осиёи Марказиро фаро хоҳад гирифт. Ва аз ҳама бештар, сокинони Русияву Украина ва кишварҳои номзад ба узвияти Иттиҳодияи Аврупо - Эстония ва Латвияро. Паҳншавии вируси Эйч ай Ви дар Белорус, Молдова ва Қазоқистон низ идома хоҳад кард ва хуруҷи он дар Қирғизистону Узбакистон аз эҳтимол дур нест.

Ба иттилоъи расмӣ, алҳол 96 шаҳрванди Тоҷикистон ба бемории СПИД мубтало шудааст, ки бештари онҳо сокинони вилояти Суғданд. Соли гузашта Бунёди Ҷаҳонии мубориза бо СПИД барои анҷоми барномаи сесолаи ҷилавгирӣ аз паҳншавии СПИД дар Тоҷикистон 2 миллиону 400 ҳазор доллар ҷудо кард. Аммо вазорати беҳдошти Тоҷикистон мегуяд, ин маблағ барои ҷилавгирӣ аз густариши СПИД дар кишвар кофӣ нест.

XS
SM
MD
LG