Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Аъзои ҲНИТ-ро аз ноҳияи Ховалинг меронанд?



Ҷалолиддини Фарҳодӣ



Тибқи иттилоъи раёсати Ҳизби Наҳзати Исломи Тоҷикистон дар минтақаи Кулоб масъулини ҳукумати ноҳияи Ховалинг аз Мавлонхуҷа Суфиев, муовини раиси маҳаллии ин ҳизб даъват кардаанд, ки дар муддати се руз аз марзҳои Ховалинг берун шавад. Ин иддао дар ҳоле садо додааст, ки наҳзатиён мехостанд, рузи 10 феврал конфронси таъсисии худро дар Ховалинг баргузор намоянд.

Абдусамад Ғайратов - муовини раиси ҲНИТ дар вилояти Хатлон дар бастагӣ ба вазъ мегуяд: "Муовини раиси ҳизб Суфиев Мавлохуҷаро шахсан раиси ҳукумати Ховалинг даъват кардагӣ ва шахсан худаш аз у таклиф кардааст, ки аз ҲН ва ё муовинии раиси ҳизб берун шавад. Вақте нафари мо таклифи ӯро рад кардааст, раиси ноҳия таҳдидҳо ҳам карда, гуфтааст, ки дар муддати 3 руз бояд Мавлонхуҷа Суфиев аз ноҳияи Ховалинг берун шавад."

Аз ҷониби дигар масъулин аз ҷаноби Суфиев феҳристи аъзои ҳизбро дар ноҳия талаб кардаанд. Абдусамад Ғайратов мегуяд, ҳукумат бо ин амал сари аъзои ҳизб фишор меорад. Ҳафтаи ҷорӣ дар як суҳбат бо Ҷаъфар Хайриддинов - муовини раиси идораи умури дохилаи Ховалинг 20 тан аз аъзои ҲНИТ баёнот додаанд, ки узви ягон ҳизб набудаанд.

Ҷаноби Ғайратов мегуяд, ҳамаи онҳо мавриди фишору шиканҷа қарор гирифтаанд ва зери тарс аз ҳизб ру тофтаанд: "20 нафар аъзои моро даъват карда, бо зур аризаҳояшонро гирифтаанд, ки онҳо гуё аъзои ҳизб намебошанд. Аслан бигирем, ҳамин идораи умури дохила дар беаъзокунии ҲНИТ саҳми калон дорад."

Дар ҳамин маврид раёсати ҲНИТ бо сарварии Саид Абдуллоҳи Нурӣ рузи панҷшанбеи 19 феврал озими Кулоб шуд, то дар ноҳияи Муминобод конфронси таъсисии ҳизбро баргузор намоянд. Як тан аз масъулини ситоди марказии ин ҳизб гуфт, то ин замон ҳам ҳукуматҳо собиқаи кории аз узвияти ин ҳизб хат задани аъзоро доштаанд. Ҳамин манбаъ мегуяд, соли 2001 бо супориши раиси ҳукумати ноҳияи Қубодиён 2500 тан аз аъзои ҳизб билетҳои ҳизбиашонро канор кардаанд. Ҷаноби Султонов- раиси вақти ҳукумати ноҳия, воқеан нафаре, ки аз руи квотаи 30 дарсадаи оппозитсияи собиқ ҳоким таъин шуда буд, аз аъзои ҲНИ даъват карда будааст, ки ба хотири истиқрори комили сулҳ ва амнияти миллӣ кортҳои ҳизбиро супоранд. Аз 4500 аъзои ҲНИТ 2500 нафар ҳамин даъватро пазируфта, ду сол қабл кортҳои худро руи мизи кории Султонов гузошта будаанд.

XS
SM
MD
LG