Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сафари ҳайъати Бонки осиёӣ идома дорад



Абдуқайюми Қайюмзод



Ҷон Видоу - масъули барномаҳои бахши кишоварзӣ ва муҳити зисти Бонки Осиёии Рушд - дар раъси як ҳайъат аз коршиносон ва намояндагони созмонҳои кумакрасони узви ин бонк вориди Душанбе шуд ва бо мақомоти зиддахли Тоҷикистон гуфтугу анҷом дод. Казуко Мотамура - намояндаи доимии Бонки Осиёии Рушд дар Тоҷикистон - гуфт, ҳадафи ин ҳайъат омузиши барномаҳои соҳавии ҳукумати Тоҷикистон дар бахши кишоварзӣ, аз ҷумла фаъол сохтани иншоотҳои обёрӣ ва махсусан тарҳҳои марбут ба ҳифзи муҳити зист мебошад.

Хонум Мотамура гуфт, ҳоло ин ҳайъат бо масъулини вазорати кишоварзӣ, молия, иқтисоду тиҷорат, вазорати хоҷагии об ва дастгоҳи раёсати ҷумҳур ҷузъиёти барномаҳо ва роҳҳои бо шароити сармоягузории бебозгашт пардохт намудани маблағҳоро баррасӣ хоҳад кард. Намояндаи доимии Бонки Осиёии Рушд гуфт: "Интизор меравад, ҳаҷми эҳтимолии кумакҳои билоиваз барои барномаҳои ҳукумати Тоҷикистон ҳудудан аз 2 то 3 миллион долларро ташкил бидиҳад."

Казуко Матамуро афзуд, ки имкон дорад, дар фарҷоми ҳамин мулоқотҳо барои барномаҳои мушаххаси ҳукумати Тоҷикистон аз суи намояндагони созмонҳои узви Бонки Осиёии Рушд маблағгузорӣ сурат бигирад. Аммо хонум Матамуро ҳамзамон таъкид кард, ки ироаи кумакҳои билоивази Бонки Осиёии Рушд ба барномаҳои ҳукумати Тоҷикистон ба он марбут хоҳад буд, ки то кадом андоза намояндагони ин бонкро масъулини ҷониби Тоҷикистон дар воқеияти иҷроиши онҳо мутақоид мекунанд.

XS
SM
MD
LG