Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Қатли Хуршеда сабаби назарпурсӣ шуд



Тоҳири Сафар



Дар назархоҳие, ки Бунёди таҳқиқоти афкори умуми шаҳри Санкт-Петербурги Русия баъди куштори Хуршеда Султонова дар ин шаҳр анҷом додааст, 20 фоизи мусоҳибон гуфтаанд, омилҳои ҳамлаи скинхедҳо ба оилаи тоҷикро дарк мекунанд.

Хабаргузории "Франс Пресс" аз қавли Роман Могилёвский раҳбари бунёди мазкур навиштааст, пурсидашудагон гуфтаанд, аз ин ҷиноят ба ваҳшат ва хашм омадаанд, вале ба шиори сартарошидаҳо, яъне "Русия барои русҳо" мувофиқанд.

Бино ба омори вазорати умури дохилаи Русия, шумораи сартарошидаҳо дар кишвар ба 20 ҳазор нафар мерасад ва 3 ҳазори онҳо дар Санкт-Петербург ҳастанд. Ёдовар мешавем, ҳафтаи гузашта гуруҳи скинхедҳо ба як оилаи тоҷик ҳамла карда, узви 9-солаи он Хуршеда Султоноваро куштанд.

XS
SM
MD
LG