Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Русия силоҳҳояшро арзон мефурушад



Мирзои Салимпур



Дабири Шурои Амнияти Русия Владимир Рушайло дар шаҳри Остона, пойтахти Қазоқистон гуфтааст, Маскав омода ҳаст таслиҳоти низомиашро ба кишварҳои узви Созмони Амнияти Дастаҷамъӣ бо нархи дохили Русия бифурушад.

Оқои Рушайло гуфт, бар асоси дастури президент Путин, имкони бо чунин қимат фурухтани аслиҳа ва афзори низомӣ ба Арманистону Қазоқистону Беларус ва Қирғизистону Тоҷикистон дар маърази омузиш қарор дорад.

У афзуд, ин барнома асосан марбути такмили таслиҳоти нируҳои заминии артиши ин кишварҳо хоҳад буд.

XS
SM
MD
LG