Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҷаҳон Саидмуродов аз ҷаҳон гузашт



Мирзои Салимпур



Ҷаҳон Саидмуродов, ҳунарпешаи 70-солаи тоҷик ва бозигари нақши Саид дар филми пуровозаи "Ман бо Духтаре Вохурдам", дар манзилаш дар шаҳри Душанбе кушта шудааст. Бино ба хабарҳо, ҳамсари Ҷаҳон Саидмуродов ҷасади уро бо нишонаҳои қатли ҷабрӣ аз хона пайдо кардааст.

Филми "Ман бо Духтаре Вохурдам", аз шоҳкориҳои синамои тоҷик, ҳануз дар солҳои панҷоҳуми асри гузашта наворбардорӣ шуда, дар андак вақт аз маъруфтарин филмҳои шуравии собиқ шинохта шуд. Чунин ҳол табъан Ҷаҳон Саидмуродов, бозигари нақши асосии ин филмро ҳам дар радифи ситораҳои аввали синамои шуравӣ ҷой дод.

Аммо шуҳрати филми аввал болои сарнавишти баъдии Ҷаҳон Саидмуродов барои ҳамеша соя афканд ва баъди "Ман бо Духтаре Вохурдам" у тақрибан дар ҳеҷ як филми дигар нақшимуҳимеро бозӣ накард.

У дар солҳои охир дар Душанбе хориҷ аз ҷаҳони ҳунар як зиндагии оддиву фақиронае пеш мебурд ва танҳо навори филми "Ман бо Духтаре Вохурдам" ва таронаи машҳуре, ки Саид дар ин филм месуруд, барояш ҳамчун ду шаҳодати даврони шуҳратёрии у боқӣ монда буд.

XS
SM
MD
LG