Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Раиси Ҳизби Демократ ба Душанбе баргаштааст



Раҳматкарими Давлат



Муҳаммадрузӣ Искандаров - раиси Ҳизби Демократи Тоҷикистон, ки ба дунболи барканориаш аз мақоми раиси ширкати давлатии "Тоҷикгаз" дар поёни соли гузашта ба шарқи Тоҷикистон пойгоҳи мухолифини мусаллаҳи собиқи давлат рафта буд ва изҳори норизоятӣ аз мақомоти давлат дошт, ба гуфтаи мақомоти ҲДТ, дубора ба Душанбе бар гаштааст.

Муҳаммадрузӣ Искандаров алорағми он, ки мақомоти ҲДТ эълон карданд, ки у рузи сешанбе бо хабарнигорон суҳбат хоҳад кард, аз дидор бо ҳар кас ва хусусан хабарнигорон худро барҳазар дошт. Аммо ба гуфтаи масъулини Ҳизби Демократ, раиси ин ҳизб Муҳаммадрузӣ Искандаров омадааст, то муборизаи сиёсии худро дар пойтахт идома диҳад. Агарчанд худи у дар суҳбат ба хабарнигорон дар ноҳияи Ҷиргатол гуфта буд, омода нест, ки дар вақтҳои наздик ба Душанбе боз гардад. Акнун омадани раиси ҲДТ ба Душанбе низ боиси баҳсу мунозира дар маҳфилҳои сиёсии кишвар шудааст.

Номи Муҳаммадрузӣ Искандаров аз фармондеҳони пешини мухолифи давлати Тоҷикистон вақте баҳсофарин шуд, ки ҳамроҳ бо як фармондеҳи дигари аз мақоми давлатӣ барканоршуда Саламшоҳ Муҳаббатов аз амалкарди давлат дар бархурд бо мухолифони собиқ шадидан интиқод кард ва қасдашро барои таъсиси як ташаккули иборат аз фармондеҳони собиқи мухолифи давлат эълон дошт. Аммо давлат бидуни он, ки фурсати ҷавоб гуфтан ба эътирози фармондеҳони пешинро пайдо кунад, ба эътирози фармондеҳи дигари пуштибони худи давлат, генерал Ғаффор Мирзоев, қумандони горди раиси ҷумҳур дучор шуд.

Генерал Мирзоев, барканор шуданаш аз масъулияти фармондеҳии горди раиси ҷумҳурро иштибоҳ шумурд ва эътироз кард. Давлат бо у вориди музокира шуд ва генерал Мирзоев ба дунболи тавофуқ бо президент, раиси Оҷонсии назорат бар гардиши маводи мухаддири Тоҷикистон таъйин гардид. Ба назар мерасад, ки гузашти давлат дар баробари Ғаффор Мирзоев роҳи тақозо ва талаби фармондеҳони дигарро дар мавриди боқӣ мондан дар мақомҳои давлатиашон ҳамвор кардааст.

Акнун гуфта мешавад, ки давлат ба Муҳаммадрузӣ Искандаров низ мақоми раиси идораи назорат бар тавлидот, воридот ва содироти мол бо номи "Тоҷикстандарт"-ро пешниҳод кардааст. Хабаре, ки аз ҷониби манобеъи расмӣ ҳануз таъйид нашудааст.

XS
SM
MD
LG