Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Қочоқи маводи мухаддир - дарди кишварҳои тамоми минтақа



Холидаи Қодир

Нишасти байналмилалӣ дар кишвари асосии тавлидкунандаи ҳероин - Афғонистон шуруъ шуд.

Раҳбари Афғонистон Ҳомид Карзай дар конфронси байналмилалӣ барои мубориза зидди маводи мухаддир дар шаҳри Кобул гуфт, ки пули афюну ҳероини Афғонистон ба маблағгузории терроризми байналмилалӣ истифода мешавад: "Пули ба дастомада аз қочоқ ва тавлиди ҳероин бо фуруши ҳероин умед ва ҳамкори терроризм аст. Терроризм бо маводи мухаддир даст ба даст бо ҳам ба тахриби Афғонистон ва минтақа ва ҷаҳон аст."

Ҳомид Карзай гуфт, ки дар тули ду сол ҳукумати вай барои аз байн бурдани кишти кукнор ва тиҷорати маводи мух аддир барномаҳои ҷиддиро ба роҳ монд, вале ин барномаҳо нокофӣ ва ба сурати умум ноком буданд. Афғонистон ҳамоно бузургтарин тавлидкунандаи кукнор ва ҳероин дар ҷаҳон боқӣ мемонад. Дар ҳоле, ки содироти расмии Афғонистон, масалан ба Покистон солона чиҳил миллион долларро ташкил медиҳад, тибқи тахминҳои Созмони Милали Муттаҳид қочоқбарони афғон солона ба маблағи дуву аз даҳ се миллиард доллар афюну ҳероин содир мекунанд.

Дар мавсими гузашта дар Афғонистон ҳудуди 3600 тонна кукнор тавлид шуд. Ин рақам дар муқоиса бо як соли қаблӣ шаш дар сад зиёдтар аст. Ҳам мақомоти афғон ва ҳам Созмони Милали Муттаҳид таъкид мекунанд, ки Афғонистон ва ё кишварҳои дигар наметавонанд, ба танҳоӣ аз уҳдаи маҳви тиҷорати маводи мухаддир бароянд.

Раиси идораи мубориза зидди маводи мухаддираи Афғонистон Мирвайс Ёсинӣ дар суҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, ки дар конфронси Кобул тамоми роҳҳои аз байн бурдани маводи мухаддира, аз қабили пешниҳоди роҳҳои дигари пайдо кардани даромад ба кишоварзони афғон, таҳкими хадамоти мубориза зидди қочоқбарон ва коҳиш додани бозори истеъмолкунандагон баррасӣ мешавад.

Ёсинӣ ба вижа, ба аҳамияти кумак ба деҳқонони афғон таъкид кард. Ба гуфтаи у, кишоварзон аксаран ба иллати набудани тариқи дигари даромад ба кишти кукнор даст мезананд. Ширкаткунандагони конфронси Кобул эҷоди як стратегияи муштараки мубориза зидди маводи мухаддирро баррасӣ мекунанд. Дар ин конфронс ҳайъати Тоҷикистон таҳти назари раиси Кумитаи марзбонӣ Абдураҳмон Азимов ширкат дорад. Узви ҳайъати Тоҷикистон - муовини оҷонсии мубориза зидди маводи мухаддир Рустам Назаров мегуяд, Тоҷикистон интизор дорад, ки ҷомеаи ҷаҳонӣ ба Афғонистон ва кишварҳои ҳамсояи он барои аз байн бурдани тавлиду тиҷорати ин мавод кумаки кофӣ таҳия хоҳад кард. Назаров пешниҳод кард, ки яке аз роҳҳои мубориза эҷоди камарбанди амниятӣ дар атрофи Афғонистон мебошад. Зимни суханронӣ дар конфронс Назаров изҳори таассуф намуд, ки маъракаи зидди террор дар Афғонистон натавонист, ки фаъолияти қочоқбарони афюну ҳероинро заиф кунад.

XS
SM
MD
LG