Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Раҳмонов бо Баршон мулоқот кард



Раҳматкарими Давлат



Дар мулоқоти Эмомалӣ Раҳмонов - раиси ҷумҳури Тоҷикистон ва Андрош Баршон - муовини вазири умури хориҷаи Маҷористон - масъалаи густариши ҳамкориҳои миёни ду кишвар ва амнияти минтақа баррасӣ шудааст. Андрош Баршон баъд аз мулоқоти худ бо Эмомалӣ Раҳмонов гуфт, Тоҷикистон ба унвони ҳамкори анъанавии Маҷористон дар консепсияи нави сиёсати хориҷии кишвараш аз мавқеъияти муҳиме бархурдор аст. У гуфт, бо узвияти Маҷористон ба Иттиҳодияи Аврупо дар ояндаи наздик имкони рушди ҳамкориҳо бо Тоҷикистон бештар хоҳад шуд.

Оқои Баршон афзуд: "Мо ба Тоҷикистон дар ҷиҳати рушди иқтисодӣ ва сиёсии ин кишвар кумак хоҳем кард. Мо аллакай имкони содир намудани сармояи дохилиро дорем ва ба манзури омузиши имкони сармоягузорӣ дар Тоҷикистон дар тобистони имсол як гуруҳи соҳибкорон ва соҳибони сармояи Маҷористон ба Тоҷикистон хоҳанд омад. Зиёда аз ин Маҷористон дар аввали моҳи май узви иттиҳодияи Аврупо мешавад ва узвият дар ИА ба имкони мо барои ҳамкорӣ шароити нав ва беҳтаре фароҳам мекунад."

Муовини вазири умури хориҷаи Маҷористон густариши ҳамкориҳои ду кишвар дар заминаи кишоварзӣ, саноат, нақлиёт ва роҳҳоро аз самтҳои авлавиятноки ҳамкориҳои ду ҷониб унвон кард. У гуфт, кишвараш омодааст, дар ихтиёри Тоҷикистон фанноварии вобаста ба ин соҳаро қарор диҳад.

Андрош Баршон ба нақши Тоҷикистон дар таъмини амнияти минтақа ва хусусан Афғонистон таъкид кард ва афзуд, як Тоҷикистони босубот ва муассир дар ҳалли масоили минтақавӣ аз ин ба баъд низ дар ростои сиёсат ва манфиати хориҷии Маҷористон аст.

Маҷористон яке чанд кишварҳои аслии харидори пахта ва алюминиуми Тоҷикистон мебошад. Ва Тоҷикистон аз ин кишвар умдатан воситаҳои нақлиёти ҷамъиятӣ харидорӣ мекунад. Табодули мол миёни ин ду кишвар дар соли гузаштаи мелодӣ бештар аз 15 миллион долларро ташкил додааст.

XS
SM
MD
LG