Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Марзбононро дар Рушон кӣ кушта будааст?



Мирзоҷалоли Шоҳҷамол



Намояндаи додситонии низомии Тоҷикистон дар вилояти Бадахшон хабар дод, ки алайҳи Розиқов Муҳамадҷон, як сарбози қисми дар ноҳияи Рушон мустақарбудаи нируҳои марзбонии ин кишвар бо иттиҳоми куштори се нафар ва захмӣ кардани ду тани дигар аз ҳамхидматонаш парвандаи ҷиноӣ боз карда, ба тафтиш пардохтааст.

Ба гуфтаи додситонӣ, ин фоҷиа, ки боиси қурбон шудани чанд сарбози нируҳои марзбонии Тоҷикистон шуд, ба маҳзи вуҷуди муносиботи берун аз доираи муқаррароти оинномаи низомӣ ба вуқуъ пайвастааст.

Қаблан сардори дидбонгоҳи Рушон ҳодисаи ҳалокати гуруҳии сарбозон дар ин қисми низомиро ба мавридҳои ташаннуҷи марзӣ рабт дода, ҳам тафтишот ва ҳам мақомоти кумитаи марзбонии кишварро ба иштитоҳ андохт. Акнун алайҳи сардори дидбонгоҳи мразбонии Рушон ҳам бо иттиҳоми додани шаҳодати бардуруғ тафтишот идома дорад.

Қаблан хабар дода мешуд, ки марзбонони тоҷик дар ноҳияи бо Афғонитсон ҳаммарзи Рушон аз тири марзшиканони афғон кушта шудаанд. Ва танҳо баъдан маълум шуд, ки Муҳаммадҷон Розиқов, як сарбози навхидмат ба рафтори ҳамхидматҳои собиқадораш тоб наоварда, мили силоҳи худро ба тарафи онҳо гардондааст.

XS
SM
MD
LG