Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Анҷумани алайҳи маводи мухаддир оғоз шуд



Мирзои Салимпур



Мақомоти давлати Афғонистон мегуянд, дар як даргирии гуруҳӣ дар вилояти бо Тоҷикистон ҳаммарзи Бадахшони ин кишвар се нафар кушта ва дасти кам 20 каси дигар захмӣ шудааст. Қаблан дар бораи ҳалокати дасти кам 20 нафар дар ин даргирӣ гузориш шуда буд.

Ҳилолиддини Ҳилол, муовини вазири умури дохилаи Афғонистон ин даргириро натиҷаи баҳси байни гуруҳҳои қочоқбари маводи мухаддир донист.

Дар ҳамин ҳол рузи якшанбе дар шаҳри Кобул бо даъвати давлати интиқолии Афғонистон як нишасти дурузаи байналмилалӣ пиромуни роҳҳои мубориза алайҳи қочоқи маводи мухаддир оғоз ба кор кард.

Антони Марио Коста, раҳбари идораи СМ дар умури мубориза алайҳи маводи мухаддир гуфтааст, агар кишту парвариш ва тиҷорати ғайриқонунии маводи мухаддир дар Афғонистон таҳти назорат оварда нашавад, ин метавонад ҳамаи муваффақиятҳои бадастовардаи Афғонистон аз замони суқути режими Толибонро барбод диҳад. Оқои Коста афзуд, Афғонистон дар пешоруи интихоби сангине қарор дорад ва бояд дар ҷиҳати коҳиши тавлиди афюн иқдом намояд. Афғонистон феълан 75 дарсади афюни ҷаҳонро тавлид мекунад.

Дар ҳамин робита, аммо дар Душанбе Рустам Назаров, муовини аввали раиси ожонсии мубориза бо маводи мухаддири Тоҷикистон ба хабаргузории ИТАР-ТАСС гуфт, дар анҷумани Кобул пайдо кардани роҳҳои ҳамкории кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Аврупо ба хотири гирифтани пеши роҳи қочоқи маводи мухаддир аз мавзуъҳои асосӣ аст.

Оқои Назаров бо изҳори тааассуф афзуд, амалиёти ҷаҳонии алайҳи террор дар Афғонистон то ҳол ба манофеъи мафияи маводи мухаддир зарбаи муассир назада, балки баръакс майдонҳои кишти хашхош ва корхонаҳои тавлиди афюну ҳероин дар Афғонистон дар ин авохир афзудааст.

XS
SM
MD
LG