Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

ЮСАИД ба кумаки додгоҳҳо омадааст



Мирзонабии Холиқзод



Барномаи рушди байналмилалии Ийолоти Мутаҳидаи Амрико бар асоси як лоиҳа додрасҳо ва кормандони дигари танҳо Додгоҳи Олии Тоҷикистонро барои ду руз пиромуни мавзуъҳои мустақилияти додгоҳ, қонунсолорӣ, шарафсолорӣ, қонуннависӣ, бозбинии тарҳи қонунҳо ва ва ҷиҳати рушди савияи ҳирфаии додрасҳо дар як ҳамоиш ба баҳс кашид.

Суҳроб Ҳоҷиматов, намояндаи тарҳи Барномаи рушди байналмиллали Амрико гуфт, дар ин баҳс мавзуъҳои муҳими марбут ба фаъолияти додгоҳ ва додрасҳову вакилони мудофеъ мавриди баррасӣ қарор дода шуд.

Барномаи рушди байналмиллалии Амрико тасмим гирифтааст бо баргузории ҳамоишҳо ва мизигирдҳо, ҳамчунин дар ҳамкорӣ бо Додгоҳи Олӣ, Додгоҳи Иқтисодӣ ва Шурои Адлияи Тоҷикистон филмҳои кутоҳметраж ва мустанад дар мавзуҳои алоҳидаи додгоҳӣ бо забони тоҷикӣ ва русӣ ба навор гирад. Ҳамчунин бар асоси як тарҳ Барномаи рушд тасмим дорад системаи додгоҳии Тоҷикистонро дар ояндаи наздик бо компютер муҷаҳҳаз кунад.

Барномаи Рушди Байналмиллали Иёлоти Мутаҳидаи Амрико бар асоси лоиҳаи худ мехоҳад ба ин монанд нишастҳоро бо кормандони додгоҳҳои вилоятиву ноҳиявии Тоҷикистон низ баргузор кунад.

XS
SM
MD
LG