Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ғ. Мирзоев фармони президентро иштибоҳ хонд



Мирзонабии Холиқзод



Генерал Ғаффор Мирзоев - фармондеҳи собиқи Горди президентии Тоҷикистон - рузи сешанбе, 27 январ бо баргузории як нишасти матбуотӣ фармони президент Эмомалӣ Раҳмоновро дар мавриди барҳам додани Горди раиси ҷумҳурро иштибоҳ хонд ва онро шитобзадагии мушовирони президент донист.

Бисту шашуми январ раиси ҷумҳур бо судури як фармон горди мазкурро барҳам дод ва амр дод дар заминаи он Горди миллӣ таъсис дода шавад. Ҳамзамон бо як фармони дигар фармондеҳи Горди президентӣ Ғаффор Мирзоев аз вазифааш барканор карда шуд.

Як руз пеш аз судури ин фармон раиси ҷумҳур ба ситоди Горди президентӣ омада, дар суҳбат бо Ғаффор Мирзоев гуфтааст, 9 сол мешавад, ки 2 дар ин вазифа аст ва акнун бояд онро ба каси дигар супорад.

Ҷузъиёти бештар дар гушаи Гузоришҳо (аудио)

XS
SM
MD
LG