Мирзонабии Холиқзод
Амирқул Азимов - дабири Шурои амнияти Тоҷикистон - 19 январ хабари аз Покистон ба шимоли Афғонистон куч дода шудани неруҳои Ҳаракати Исломии Узбакистонро барои амнияти Тоҷикистон ва кишварҳои ҳамсояи он ба монанди Узбакистон ва Қирғизистон хатарзо номид.
Бино ба иттилоъи хабаргузориҳо, ахиран Ҳаракати Исломии Узбакистон, ки бо шуруи амалиёти зиддитеррор дар Афғонистон неруи худро ба манотиқи марзии Покистон интиқол дода буд, акнун бо фаъол гаштани амалҳои террористии ҷонибдорони Толибон алайҳи неруи Эътилофи зиддитеррор гуруҳҳои ҷангӣ ва чирикии худро ба манотиқи шимоли Афғонистон интиқол додааст.
Амирқул Азимов - раиси шурои амнияти Тоҷикистон мегуяд, таҷаммуъ ва ё фаъол гаштани ҳама гуна неруи терорристӣ ба хусус Ҳаракати Исломии Узбакистон дар манотиқи шимоли Афғонистон барои Тоҷикистон хатари ҷиддӣ дорад: "Дар кадом ҳолат набошад, албатта ин ё он гуруҳи террористие, ки дар ин ё он минтақа ҷой мегирад ва новобаста ба мансубияти онҳо, ин албатта ба амнияту оромии он маҳал хатар дорад. Кадом қувваи терористӣ набошад, он қувва ҳам (ИДУ). Аммо Тоҷикистон қодир аст, ки тамоми тадбирҳои заруриро андешад, то амнияташро таъмин кунад."
Ба назари намояндагони аршади мақомоти амниятии Тоҷикистон, ҷангиёни Ҳаракати Исломии Узбакистон, ки бо шуруъи нооромиҳо дар Тоҷикистон ва муддате чанд пас аз имзои Созишномаи сулҳи тоҷикон, то соли 2000-ум тариқи пайроҳаҳои махфӣ аз Тоҷикистон ба Афғонистон убуру мурур мекарданд, бо истифода аз ин таҷриба метавонанд, барои анҷоми амалиёти террористӣ аз қаламрави Тоҷикистон истифода кунанд.
Дар тобистони соли 2000-ум охирин гуруҳҳои Ҳаракати Исломии Узбакистон, таҳти сарварии Ҷумъаи Намангонӣ аз ноҳияи Тавилдара шарқи Тоҷикистон ба шимоли Афғонистон интиқол дода шуданд.
Марзбонони тоҷик мегуянд, аъзои Ҳаракати Исломии Узбакистон монанд ба шеваи муборизаи Ҳизб-ут-таҳрир дар Осиёи Марказӣ, яъне бо истифода аз фақру бенавоии мардуми минтақа метавонад, барои амалӣ сохтани аҳдофи террористӣ корҳое анҷом диҳанд. Иёлоти Муттаҳидаи Амрико Ҳаракати Исломии Узбакистонро дар руйхати созмонҳои террористӣ шомил намудааст.