Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

ТАҲҚИҚИ ҚАТЛИ РОҲИБИ БАПТИСТҲО ШУРУЪ ШУД



Мирзонабии Холиқзод



Рашид Шамсизода - раиси маркази ҷараёни мазҳабии Баптистҳо ё Еванглистҳо дар Тоҷикистон - 14 январ куштори роҳиби калисои баптистҳо дар шаҳри Исфара Сергей Бесарабро як амали ҷиноӣ ҳисобид ва дар мавриди баёни ангезаҳои куштор худдорӣ намуд. Оқои Шамсизода ба Радиои Озодӣ гуфт: "Бале дар ҳақиқат сарвари калисои баптистҳо дар ноҳияи Исфараро куштанд, дар дохили ибодатгоҳ, пас аз анҷоми ибодат, Ин амал чӣ маъно дорад, албатта ҷиноят аст."

Тибқи тамоси телефоние, ки бо додгоҳ ва додситонии ноҳияи Исфара доштем, намояндагони мақомоти интизомӣ бо таъсиси як гуруҳ иборат аз кормандони додситонӣ ва шуъбаи умури дохилаи ноҳия, ҷои ҳодисаро мавриди омузиш қарор додаанд.

Ба маълумоти додситонии ноҳияи Исфара, шоми 12 январ пас анҷоми ибодат Сергей Бесараб ҳангоми берун омадан аз калисо аз тарафи як марди ношинос бо гулулаи таппонча кушта мешавад. Абдуқаҳҳор Раҳимов - муовини аввали вазири умури дохилаи кишвар гуфт, дар ҳоли ҳозир намешавад фарзияеро дар мавриди куштор пеш овард.

Тибқи бархе аз маълумот, куштори Сергей Бесарабро монанд ба ҳодисаи таркиши калисои Сонмин дар Душанбе дар соли 2000-ум медонанд, ки гуё гуруҳе аз бачаҳои мусулмон дар заминаи хусумат бо мазҳаби баптистҳо даст ба куштори Сергей Бесараб задаанд.

Аммо раиси Кумитаи дини назди ҳукумати Тоҷикистон Саид Аҳмадов ба Радиои Озодӣ гуфт, ин амал дар асоси моҷарои шахсӣ ё маишӣ ба амал омадааст ва гумон аст, ки хусумати динӣ бошад.

Тибқи иттиллои дафтари матбуоти вазорати умури дохила, кормандони ин вазорат ва додситонӣ машғули омузиши ҳодисаи куштори руҳонӣ Сергей Бесараб дар шаҳри Исфара мебошанд.

XS
SM
MD
LG