Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

ДОДСИТОН: КАСЕ ИСКАНДАРОВРО НАМЕҶУЯД.



Абдуқайюми Қайюмзод



Додситони кулли Тоҷикистон ифтитоҳи парвандаи ҷиноӣ ва шуруъи бозрасии ҷиноиро алайҳи Муҳаммадрузӣ Искандаров - раиси пешини идораи "Тоҷикгаз" ва раиси Ҳизби Демократи Тоҷикистон рад кард.

Бобоҷон Бобохонов - додситони кулли Тоҷикистон - 8 январ дар як суҳбати телефонӣ бо Радиои Озодӣ гуфт, ҳеҷ гуна кори тафтишотӣ ва парвандаи ҷиноӣ алайҳи Муҳаммадрузӣ Искандаров оғоз нашуда ва кадом як дастуре ҳам дар ин робита содир нагардидааст: "На боздошт шудагӣ аст, на санксия дода шудааст, ин гап дуруғ ва туҳмат аст. Камбудие, ки дар "Тоҷикгаз" буд, мо дар нашрияҳои "Садои мардум" ва "Ҷумҳурият" ва ҳама ҷо гуфта будем, лекин ягон кори ҷиноятӣ ҳам оғоз нашудааст, санксия ҳам нест ва касе уро намекобад."

Оқои Бобохонов дар суҳбат ба мақолаҳои дар чанд рузи пеш интишордодааш дар нашрияҳои даврии кишвар ишора кард, ки дар онҳо масъулини пешини ширкати "Тоҷикгаз" барои хилофкорӣ ва истифодаи нодурусти маблағи ин корхона айбдор дониста мешуданд.

Ба иттиллои манобеи ширкати "Тоҷикгаз", дар ҳоли ҳозир кормандони додситонӣ фаъолияти ин корхонаро мавриди тафтишот қарор додаанд. Аҳмад Идиев - ёвари раиси ширкати "Тоҷикгаз" - гуфт, тайи чанд руз аст, кормандони додситонӣ тафтишотро дар ин идора пеш мебаранд, вале ин тафтишот ба фаъолияти Муҳаммадрузӣ Искандаров - раиси собиқи ин корхона иртибот надорад.

Раҳматуло Валиев - дабири масъули Ҳизби Демократи Тоҷикистон - низ гуфт, чунин овозаҳо дар мавриди таҳти таъқиб қарор доштани раиси ин ҳизб аз суи мақомоти интизомиро шунидааст. Вале гуфт оқои Валиев, ин сарусадоҳо беасосанд: "Муҳаммадрузӣ Искандаров дар зодгоҳи худ, ноҳияи Тоҷикобод аст, ки дар ин ҷо кори давлатӣ надорад ва дар истироҳат аст. Ин ки парвандаи ҷиноӣ нисбати раиси Ҳизби Демократи Тоҷикистон Муҳаммадрузӣ Искандаров тайёр шудааст, ягон асосе надорад."

Раҳматулло Валиев - дабири масъули Ҳизби Демократ афзуд, ки Муҳаммадрузӣ Искандаров раиси ин ҳизб пас аз барканорӣ аз вазифаи давлатӣ комилан ба кори ҳизбӣ гузашта ва ҳамин ҳоло дар манотиқи шарқи кишвар барои дарёфти пуштибонӣ дар интихоботҳои парлумонӣ ва президентии солҳои 2005 ва 2007 бо аъзо ва ҷонибдорони ҲДТ вохурӣ ва мулоқотҳо баргузор мекунад.

XS
SM
MD
LG