Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Боз омадам, боз омадам



Раҳматкарими Давлат

Базми шеъри Бозор Собир дар Душанбе

Ҳаводорони шеър ва адабиёт аз Бозор Собир шоири тавонои тоҷик дар ҳамон сатҳе, ки даҳ соле пеш ба у иродат, ишқ ва эҳтиром қоил буданд, дигарбора истиқбол карданд. Базми шеъри Бозор Собир дар остонаи соли нави мелодӣ дар шаҳри Душанбе ва ҳузури бесобиқаи ҳаводорони адабиёт дар он бори дигар собит кард, ки шахсияти Бозор Собир, мақом ва ҷойгоҳи эшон дар ҷомеаи Тоҷикистон ба унвони шоир ҳамчунон нотакрор аст.

Аксари шоирони тоҷик дар ин маҳфил, яке пушти дигаре боло мешуданд ва бо садоқат ба Бозор Собир ва шеъри у адои эҳтиром мекарданд. Муъмин Қаноат шоири андешаманди тоҷик, ки Бозор Собир зимни ин маҳфил уро устоди худ хитоб кард, гуфт, ҳузури дубораи Бозор ба пайкари сармохурдаи шеъри тоҷик муҳаббат, руҳи тоза ва гармӣ ворид кард.

Аммо ба шоири дигари тоҷик Гулрухсор, ки навбати сухан расид, аз ғояти сершумории мухлисон дар толор натавонист, аз миёни онҳо убур кунад ва руи саҳна биояд ва гуфт: "Ман фикр мекунам, на танҳо Бозор Собир ба шеъри мо бо ҳузури худ ҷони тоза дамонд, балки худаш низ аз маҳфили имруза ҷони дубора дарёфт." Бозор Собир низ инро инкор намекунад: "Беҳтарин нишасти маҷлиси шеъри ман ҳамин буд, балки маҷлиси шеъри ман набуд, умуман маҷлиси шеър буд ва ман ҳарчанд ки дер боз шеър нахонда будаму дар ин гуна толорҳо сухан накарда будам, дубора мисли ин ки зинда шудам, дубора хотираҳои пештара, хотираҳои куҳна зинда шуданд".

Аммо дар ин миён, ки шоир дар ҳиҷрат буд, матбуоти Тоҷикистон дар атрофи номи у хабару мақолоти зидду нақизе нашр карда ва аз Бозор Собир як чеҳраи шинохтанашавандаро муаррифӣ мекард. Вале Бозор Собир дар ниҳоят бо ҳамон лабони пуртабассум ва солорӣ ба минбар боло мешавад ва ҳама мебинанд, ки Бозор на ба сурат ва на ба ақида тағйир накардааст ва бо ҳамон муҳаббат ва ишқе, ки ба Тоҷикистон ва мардумаш меварзид, сухан мегуяд. Ва ҳар чи ки ба назараш ҳақиқат аст, аз гуфтани он ҳазар намекунад. У аз сиёсат камтар ва аз шеър бештар суҳбат кард. Гуфт: "Хушҳол аст, ки дар ин қитъаи шеъри форсӣ завқи шеър ҳамчунон зиндааст."

Бозор ба шогирдонаш Камол Насрулло ва Раҳмат Назрӣ ру овард ва гуфт: "Воқеан, дар набудани ман бачаҳо шеърҳои хуб гуфтаанд, ин байту ғазалҳои бисёр олиҷаноб, шоирона, завқ, ҳамон завқе, ки ҳамин устод Қаноат ба мо дода буд ва дар шеъри мо тарбия шуда буд, ҳануз фикр мекунам идома дорад, фикр мекунам аз ёд нарафтааст, ҳамон завқе, ки шеър чист ва шеър чӣ нест. Ва ҳамон буд, ки ман мегуфтам шеъратон нашуд, ҳозир ман ин хел намегуям. шеъротон шуд... Баъд ҳам шоир хотиротеро аз Нодири Нодирпур қисса кард ва гуфт: "Гури Нодирпур дар зери як дарахти сузанбарг аст, дар зери ҳамон дарахт ман навишта будам, ки:

Хоби абадат ба шеър ошуфта кунем,

Санги лаҳадат ба бусаҳо суфта кунем,

Ҳарчанд ки бе болину бистар хобӣ,

Дар сояи мижгони санавбар хобӣ.

Хуб, шеър ҳам ҳамин мешаваду шоир ҳам ҳамон аст, охир. "

Бозор Собир тамоми вақти худро дар ин маҳфил бо хушҳолӣ ва танзу шухӣ суҳбат кард ва гуфт борҳо хостааст, ки шеъргуиро бас кунад, вале натавонистааст. У мегуяд шоири дард аст ва шеърро ба хотири шеър намегуяд. Ва шеър ҳаст, ки уро зинда доштааст, балки бо лутфи шоирона мегуяд шеър ҳам бо Бозор Собир зиндааст:

Шеър, эй тилисми сиёҳе, ки сарнавишт,

Умри маро ба риштаи ҷодуии ту баст.

Гуфтам, туро раҳо кунаму зиндагӣ кунам,

Чӣ тавбаҳо, ки дар сари ин орзу шикаст.

Бозор Собир, ки дар адабиёти навини тоҷик шеъри тасвирии бисёр олӣ ва соф ва диданӣ ва нотакрор гуфтааст, имруз ҳам шеърро ҳамчунон мисли гузашта озод самимӣ ва риндона мехонад. Ба назар меомад, ки мизу курсӣ ва пардаҳои пушти минбар низ ба садои шеъри Бозор гуш фаро додаанд:

На дигар хирмани гандум, на дигар хирмани моҳам,

Ба ҳаво тудаи абрам, ба замин тудаи коҳам,

Тирамоҳам, тирамоҳам, тирамоҳам,

Ҳама зардам, ҳама гардам, ҳама дардам, ҳама сардам.

Ҳа, "Гуянд, ки шоирон фароғат карданд..." Ҳолӣ шоирон ҳамааш гадонд, як вақт шоирон фароғат мекарданд, дар давраи Шӯравӣ. Устоди мо ба мо путёвка медод, бирен Баҳри Сиёҳ, бизанен бирен Хоҷа Обигарм, Путегер, Пределкина. Ҳолӣ шоирон гаштаанд дар кучаҳо, бечора, гадо, азоб, чиркин... Ҳолӣ, Салимшо гуҷоай, бихез ман туро бубинам...

Гуянд, ки шоирон фароғат карданд,

Дар Баҳри Сиёҳ истироҳат карданд. (Эй ёдаш ба хайр!)

Таътили ман аз дари ту берун нагузашт,

Дар баҳри сиёҳи чашмҳои ту гузашт.

Ба ҳамин тартиб, маҳфили шеър, ки мислашро дар бештар аз даҳ соли ахир ҳаводорони шеър ёд надоштанд, наздик ба 4 соат идома кард ва ба гуфтаи як шоири дигар "девораҳои фарсудаи толори адибон низ баъди солҳо дигабора эҳсос кард, ки боргоҳи шеъру сухан аст". Истиқбол аз Бозор Собир ба истиқболи мардумон аз шахсиятҳои давлатӣ низ шабоҳат надошт. Дар чанд соли охир ҳеҷ шахсияте дар ҷомеаи Тоҷикистон натавонистааст, ба чунин истиқболи густарда ва муҳаббати самимии мардум рубару шавад.

Ба маҳфили эълоншудаи шеъри Бозор Собир аз Кулобу Хатлон ва аз Ғарму навоҳии атрофи Душанбе одамони зиёде омада буданд. Бештарини ҳаводорони шеър, хусусан, донишҷуёни донишгоҳҳои Душанбе, ки ҳамроҳи устодонашон дарсҳояшонро таътил кардаву ба дидори Бозор Собир омада буданд, натавонистанд вориди толор шаванд. Ҳаводорони шеър баъди анҷоми маҳфил низ муддатҳо шоирро раҳо намекарданд.

Дар миёни издиҳом шоири ҷунунии тоҷик Абдулло Дусти Хоксорӣ аз шарикдарсони донишгоҳии Бозор Собир низ бо ҷомаи дарида ва сару муи ҷулида бо замзамаи ин байт, ки Бозор дар ҳаққи у гуфтааст: "Туро зиндагонӣ сияҳнома кард, Баҳору зимистон ба як ҷома кард" ба истиқболи Бозор рафт ва дар ҳоле, ки издиҳом ба бағалкушоии Бозору Хоксорӣ менигарист, гуфт: "Бозор шоир буд ва шоиртар шудааст".

XS
SM
MD
LG