Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

ДУШАНБЕ ВА ВАШИНГТОН СОЗИШНОМА ИМЗО КАРДАНД



Раҳматкарими Давлат



Рузи чоршанбе миёни Тоҷикистон ва Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар мавриди оғози сохтмони пул бар фарози рудхонаи Панҷ, ки Тоҷикистонро бо Афғонистон мепайвандад, созишнома ба имзо расид. Ин созишномаро аз ҷониби Тоҷикистон Абдуҷалол Салимов - вазири нақлиёт ва аз ҷониби Иёлоти Муттаҳида Ричард Ҳоугланд - сафири Амрико дар Душанбе - имзо гузоштанд.

Бар асоси ин санад, Иёлоти Муттаҳида сохтмони ин пулро дар ҳаҷми 30 то 40 миллион доллар сармоягузорӣ хоҳад кард. Игор Сатторов - сухангуи вазорати умури хориҷаи Тоҷикистон - дар ин бора гуфт: "Имзои ин санад, ки имруз дар вазорати умури хориҷа баргузор гардид, бисёр ҳодисаи муҳим аст. Ҷониби Тоҷикистон ба кумаки Иёлоти Мутаҳида дар сохтмони иншоти мазкур аҳамияти вижа қоил аст. Бунёди ин пул на танҳо Тоҷикистонро ба Афғонистон пайванд хоҳад дод, балки ба рушди бо тавозуни ояндаи ҳамкориҳои ду кишвар низ мусоидат хоҳад кард."

Қаблан миёни Тоҷикистон, Афғонистон ва Амрико дар бораи сохтмони ин пул дар минтақаи Панҷи Поён тавофуқ ҳосил шуда буд ва корҳои муқаддамотӣ ва нақшасозии он аз ҷониби мутахассисони Иёлоти Муттаҳида ва Тоҷикистон анҷом шудааст. Акнун ба гуфтаи мақомоти вазорати нақлиёти Тоҷикистон, интизор меравад дар аввали моҳи март сохтмони ин пул оғоз шавад. Ин пул 670 метр дарозӣ дошта ва бар асоси лоиҳа дар зарфи 18 моҳ бояд сохтмони он поён пазирад.

Агарчанд то кунун ду пули дигар дар болои рудхонаи Панҷ дар минтақаи Бадахшон миёни ду кишвар мавриди баҳрабардорӣ қарор дошта ва сохтмони пули севвум низ идома дорад, аммо пули мазкур бар асоси меъёрҳои пазируфташудаи сохтмонҳои байналмиллалӣ бунёд шуда ва ҳамчунин гузаргоҳи байналиллалӣ миёни Тоҷикистон ва Афғонистон маҳсуб хоҳад шуд.

XS
SM
MD
LG