Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

ФУРУШИ "НЕРУИ СУХАН"-РО МАНЪ КАРДАНД



Раҳматкарими Давлат



Субҳи рузи сешанбе, 30-уми декабр кормандони идораи андози Тоҷикистон аз пахш ва тавзеъи ҳафтаномаи "Неруи сухан" ҷилавгирӣ карданд. Гуфта мешавад, иллати ин иқдом мушаххас набудани макони чоп ва пинҳон доштани теъдоди воқеъии нашри ин ҳафтанома эълон шудааст.

Мухтор Боқизода сардабири "Неруи сухан" мегуяд, ахиран дар чопи нашри рузнома ба мушкилоти фаровоне мувоҷеҳ шуда ва маъмурияти ҳамаи чопхонаҳои Душанбе дастур гирифтаанд, ки аз нашри "Неруи сухан" худдорӣ кунанд. Ва чопхонае, ки шумораи охирини "Неруи сухан" - ро нашр кардааст, хостааст, номи онро ошкор накунанд. Ба ин далел "Неруи сухан" ҷои нашрро зикр накардааст ва гирифтори ин қазия шудааст.

Оқои Боқизода мегуяд: "Вақте рузномаҳои шахсӣ ба ин ё он нашрияҳои фаъоли кишвар муроҷиат мекунанд, онҳо ҳазору як баҳона пеш меоранд, ки ба мо аз боло занг заданд, ба мо фармоиш доданд, ба мо гуфтанд, ки рузномаҳои ғайридавлатиро, рузномаҳои ҷамъиятӣ-сиёсиро руи чоп набиёред. Аммо барои он ки мо дар назди муштариёни худ сарпаст набошем, мо кушиш мекунем, бо кадом роҳи ғайриқонунӣ ҳам бошад, рузномаро руи чоп биёрем ва дастраси хонандагон гардонем. Имруз пинҳон доштани ҷойи чоп мушкили мо шуд ва мо натавонистем, рузномаро дастраси хонандагон гардонем."

Оқои Боқизода гуфт, дар ин шумора ягон маводи бахусусе дар бораи кадом як мушкили ҷомеа ҷой дода нашудааст ва як шумораи умдатан ҷашнист. Мухтор Боқизода, ки ҳамчунин раиси Бунёди дифоъ аз ҳуқуқи хубарнигорон низ ҳаст, мегуяд, имруз аксари рузномаҳо ба далели гаронии андозҳо маҷбуранд, ҳамчунин теъдоди нашри худро ошкор накунанд. Зеро дар сурати ошкор намудан маҷбуранд, андози бештаре пардохт кунанд.

Бояд гуфт, ки рузи сешанбеи 30 декабр ҳамчунин чанд рузномаи дигар аз ҷумла нашрияи "Тоҷикистон" низ дар муҷтаъмаи рузномаву маҷаллаҳо мавриди бозрасии кормандони мақомоти андоз қарор гирифта буд. Хуршеди Атовулло - муовини сардабири "Рузи нав" мегуяд, ин бозрасиҳо аслан ба рузномаҳои сиёсӣ марбут аст. Ва рузномаҳои ғайрисиёсӣ дар назари кормандони андоз наменамоянд. У мегуяд, ахиран матбуоти озодандеш ба як фишори равонии бесобиқа рубару шудааст.

Аммо Сафҳат Бурҳонов як хабарнигори "Неруи сухан" мегуяд, таҳти фишор қарор додани матбуот аз ҷониби баъзе доираҳои мушаххасе дар дохили ҳукумат ва хориҷ аз он ба хотири бадном кардани роҳбарияти давлат ва паст кардани обруи раиси ҷумҳур мебошад.

Аз ҷониби дигар ба назари бисёре аз сардабирони нашрияҳо, ки яке пайи дигаре мавриди тафтиш қарор мегирад, танҳо роҳи раҳоӣ аз ин ҳол расидагии мақомот ба мушкилоти матбуот аст. Сардабирон ҳамчунон посухи мақомоти кишварро ба номаи чанд моҳи пеш фиристодаашон ба унвони раиси ҷумҳур ва парлумон интизоранд, ки хостори коҳиш додани андоз аз матбуот шуда буданд.

XS
SM
MD
LG